Муноқишаи мухлисони футбол дар Хоруғ. 21 нафар маҷрӯҳ шуд ва чанд бинои маъмурӣ осеб дид

Дар пайи муноқиша миёни мухлисони ду дастаи футбол дар шаҳри Хоруғ 21 нафар ҷароҳат бардошта, чандин бинои маъмурӣ осеб дидааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳодиса бегоҳи 19-уми сентябр дар майдончаи варзишии мактаби рақами 2-и Хоруғ рӯй додааст.

Ба қавли манбаъ, муноқиша баъд аз анҷоми мусобиқаи футбол миёни мухлисони дастаҳои “Гулакен” ва “Хоруғи боло”-и сар зад.

“Дар натиҷаи сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 20 адад шишаҳои тирезаи МТМУ №2 дар шаҳри Хоруғ, 7 шишаҳои хонаҳои истиқоматӣ, 6 адад автомашинаи шаҳрвандон зарари техникӣ бардошта, 6 адад тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 шишаҳои тирезаи бинои БДА “Амонатбонк” шикаста шудааст”-хабар додааст Вазорати корҳои дохилӣ.

Мақомот мегӯянд, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, омилони ҳодисаро ҷустуҷӯ доранд. Ҷузъиёти бештари ҳодиса ва сабаби рух додани ҳодиса ҳанӯз дақиқ нест.

Хабар такмил мешавад

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.