Мунозираи Додоҷони Атовулло ва Муҳиддин Кабирӣ баргузор шудааст

Мунозираи сиёсӣ миёни раҳбари ҳаракати “Ватандор” Додоҷони Атовулло ва раиси Ҳизби мамнуъи назҳати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ тариқи Скайп сурат гирифтааст. 

  • Дар ин бора ба МедиаМаркер як манбаъи огоҳ аз радиои “Озодӣ” иттилоъ додааст.
  • Ба гуфтаи ӯ,  “суҳбат имрӯз тули як соат тариқи Скайп сабт шуд. Муҷрӣ Мирзонабӣ Холиқзод буд. Бо далоили ахлоқӣ аз рафти мунозира чизе гуфта наметавонам. Қарор шудааст, ки мунозираи ҷонибҳо дар ду қисм пахш шавад”.
  • Ба иттилоъи манбаъ, раҳбарияти радиои “Озодӣ” қарор кардаанд, ки мунозира тариқи онлайн баргузор нашавад.
  • Баргузор шудани суҳбат тариқи Скайпро Додоҷони Атовулло  низ дар як суҳбати кутоҳ бо МедиаМаркер тасдиқ кард: “Бале, суҳбат буд. Як соат зиёдтар сабт шуд. Ман ба мунозираи як ба як ё чанд ба чанд даъват карда будам, аммо ба назарам ҳадафи дастандаркорон як барнома буд, чун дар рафти он он назарҳои пештар омода кардаи коршиносону раҳгузаронро ҳам илова карданд. Бо паёми “миёни инҳо мақомот тафриқа меандозанд”.
  • Ба гуфтаи раҳбари ҳаракати “Ватандор”, ки аз қаноатмандияш аз рафти баҳсу мунозира ҳам гуфт,  масъулини радиои “Озодӣ”  замони пахши барномаро рӯзи панҷшанбе гуфтаанд ва ваъдаи пахш дар ду қисмро додаанд.
  • Дар шарҳи тариқи онлайн пахш нашудани мунозира Додоҷони Атовулло гуфт, ки “ба ман гуфтанд, ки чунин имконоти техникӣ надоранд”.
  • Сухангӯи Ҳизби наҳзати исломӣ Бобоҷон Қаюмов дар бораи баргузории мунозира ба МедиаМаркер гуфт “шахсан хабар надорам”.
  • Бояд гуфт, ки  пахши ин барнома рӯзи  панҷшанбеи 8 октябр дар назар асту замони дақиқи пахши он ханӯз мушаххас нашудааст.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.