Мунтахаби наврасони Тоҷикистон барандаи “Ҷоми рушд-2021” шуд

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев баъди пирӯзӣ дар бозии севумаш бар тими мизбон – Белорус – бо ҳисоби 4:1 ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” гардид.

Бозии охирини мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Белорус ва Тоҷикистон 6-уми феврал дар толори футболи Минск баргузор шуд. Ба як голи бозигари мизбонон Иван Агеев футболбозони навраси тоҷик Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Суннатулло Азизов ва Амирҷони Фаррухзод бо чор гол посух доданд.

Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар ду бозӣ бар дастаҳои мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби 7:1 ва Молдова бо ҳисоби 5:1 ғолиб шуда буданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва ғолиби мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» гардид.  Мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17) бо 6 имтиёз ҷойи дувум ва дастаи Молдова (U-17) бо 3 имтиёз ҷойи севумро соҳиб шуданд.

Дар мусобиқаи имсолаи “Ҷоми Рушд-2021” ҳамагӣ чор даста ширкат дошт. Барои Ҷом футболбозони навраси Белорус, Қазоқистон, Молдова ва Тоҷикистон, ки соли таваллудашон на болотар аз 2004 буд, мубориза бурданд.

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор шуд. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои бадастоварда маълум гашт.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ба финали «Ҷоми рушд-2020» роҳ ёфта буд. Футболбозони навраси тоҷик, ки дар бозии ниҳоӣ дар Минск аз мунтахаби наврасони Беларус (U-17) аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ – 2:2) мағлуб шуданд, барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки имсол ғолиби мусобиқа гардид, бо Ҷом ва медалҳои тилло мукофотонида шуд. Вале дастаи мизбон – Белорус – ин дафъа ҳамаи бозиҳояшро бохт ва бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифт.  

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи «Ҷоми рушд-2021» се нафар аз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон  – Сафармад Ғаффоров беҳтарин дарвозабон, сарвон ё капитани даста Меҳрубони Абдурауф беҳтарин ҳимоятгар ва Хусрав Тоиров беҳтарин нимҳимоятгар – дониста шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гаштанд. 

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск

Даври 1-ум

31-уми январ (якшанбе)

Қазоқистон (U-17) – Тоҷикистон (U-17) – 1:7

Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 32 (0:1). Меҳрубон Каримов, 54 (0:2). Алиҷони Айнӣ, 60 (0:3). Хусрав Тоиров, 66 (0:4). Никита Губарев, 71 (1:4). Хуршед Давлатзода, 80 (1:5). Шаҳриёри Иноятулло, 84 (1:6). Асадбек Ҷӯрабекзода, 89 (1:7).

31-уми январ. Минск. Толори футбол.

Белорус – Молдова – 0:2

Даври 2-юм

Тоҷикистон (U-17) – Молдова (U-17) – 5:1

Голҳо: Ҳукмиддин Шомуродов, 28 (1:0). Хусрав Тоиров, 31 (2:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 35 (3:0). Асадбек Ҷӯрабекзода, 61 (4:0). Ботан Дан, 77 (4:1). Суннатулло Азизов, 87 (5:1).

3-юми феврал. Минск. Толори футбол.

Белорус (U-17) – Қазоқистон (U-17) – 2:4

Даври 3-юм

Белорус (U-17) – Тоҷикистон (U-17) – 1:4

Голҳо: Иван Агеев, 37 (1:0). Аббос Андалебов, 38 (1:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 54 (1:2). Суннатулло Азизов, 64 (1:3). Амирҷони Фаррухзод, 89 – аз пеналти (1:4). 

Молдова (U-17) – Қазоқистон (U-17) – 0:5

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа

 Ҷ

 ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон (U-17)

3

3

0

0

16-3

9

2

Қазоқистон (U-17)

3

2

0

1

10-9

6

3

Молдова (U-17)

3

1

0

2

4-11

3

4

Белорус (U-17)

3

0

0

3

4-11

0

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.