Муовини аввали вазир: “Дедовшина” дар артиш таваллуд нашудааст, он аз хонавода сар мезанад

Ҳаҷми ҷаримаи касоне, ки ба онҳо даъватнома фиристода мешавад ва аз ҳозир шудан ба комиссарияти ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, то 10 нишондод барои ҳисобҳо (муодили 600 сомонӣ) боло бурда шуд. Вакилони порлумони Тоҷикистон ин тағйиротро рӯзи 28-уми апрел ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карданд.

Қаблан барои саркашӣ аз ҳозир шудан ба коммисариятҳои ҳарбӣ ҷарима дар ҳаҷми аз 2 то 4 нишондод пешбинӣ шуда буд. Бар асоси тағйироти нав ба Қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳамакнун салоҳиятҳои ҷаримаситонӣ ба ӯҳдаи комиссариятҳои ҳарбӣ гузошта шудааст. Дар ҷаласаи порлумон ҳадаф аз ин тағйиротро “дарки масъулиятшиносии сокинон” барои хизмат дар неруҳои мусаллаҳ гуфтанд.

Дар пайи суханронии муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, миёни ӯ ва бархе вакилон дар бораи “дедовшина” ё “меҳтарсолорӣ” дар артиш баҳс ба миён омад. Аз ҷумла, вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода бо ишора ба ҳолатҳои “дедовшина” аз муовини аввали вазир хост, ки масъаларо шарҳ диҳад.

Собирзода дар посух ба суоли Усмонзода гуфт, ки “дедовшина” дар артиш таваллуд нашудааст, он аз хонавода сар мешавад. Лекин дар назари мардум, назари бад нисбат ба артиши мо аст”.

Дар идомаи ин баҳс, раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоҳир Зокирзода ба Сайдҷаъфар Усмонзода ҳушдор дод, ки аз берун аз мавзуъ суол надиҳад. Ӯ афзуд, ба вакилоне, ки берун аз мавзуъ суол медиҳанд, имкони баромад кардан дода намешавад.

Нигаронии раиси Маҷлиси Намояндагон аз Саидҷаъфар Усмонзода замоне садо дод, ки ӯ аз муовини аввали вазири дифоъ пурсид “оё 14 ҳазор сарбозе, ки ҷалб мешаванд, барои мо чӣ лозим аст?” Худи раиси Маҷлиси намояндагон ба ин суол ба таври умумӣ посух дод ва гуфт, “ин дар салоҳияти ҳукумат аст”.

Бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон ҳарфи нав нест ва ҳамасола хабарҳо аз зургӯйӣ ё “дедовшина” расонаӣ мешавад. Бадрафторӣ бо сарбозон, ки дар баъзе ҳолат ба маъюб ё марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ меанҷомад, ба гуфтаи огоҳон яке аз сабабҳои аслии саркашии аксар намояндагони насли нав аз хизмат дар артиш шудааст.

Мақомот ба чунин натиҷагириҳо розӣ нестанд ва мегӯянд, дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон назорат сахт аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.