Муовини аввали Вазири фарҳанг Обид Назариён: «90 фоизи донишҷӯён бо майли том дар маъракаи омодагӣ ба идҳои давлатӣ ширкат меварзанд»

ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Муовини аввали  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён хабари дар ВАО паҳншударо, ки гӯё  донишҷӯёни донишгоҳҳо  дар  тамринҳо бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ  маҷбуран ширкат меварзанд,  рад намуд.

«Ширкати  донишҷӯён  дар тамоми тамринҳо  ихтиёрист»,- зикр намуд Обид Назариён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод   дар  соли 2019.

Ба қавли ӯ, донишҷӯёнро касе зӯран ба тамринҳо  намебарад,  интихоб аз ҷониби худи онҳост.

«Дар ҷараёни мулоқоту  суҳбатҳо бо донишҷӯёни  донишгоҳҳои мухталифи ҷумҳурӣ  мо пайваста  масоили ширкати онҳоро дар маъракаҳои омодагӣ ба ид муҳокима  менамоем.  Дар байни донишҷӯёни  донишгоҳҳо оид ба масъалаи мазкур  корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд. Бо эътимоди комил мегӯям, ки 90 фоизи донишҷӯён  ба тамринҳо бо майли том мераванд»,-  гуфт муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамасола  дар Тоҷикистон  барои  ширкат дар идҳои миллӣ ва давлатӣ ҷавонон аз донишгоҳҳои  гуногун ҷалб мешаванд. Ин на танҳо  барои  дар сатҳи олии  фарҳангию  ташкилӣ баргузор гардидани  ҷашнҳо   мусоидат менамояд, балки  донишҷӯёнро   боз ҳам муттаҳид намуда, рӯҳияи ватандӯстиро  дар  онҳо  бештар тарбия менамояд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.