Муовини Зоиров гуфт, монеи мулоқоташ дар сафорати Олмон шуданд

Яке аз муовинони раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон иддао дорад, ки мақомоти интизомӣ монеи мулоқоташ бо намояндагони сафорати Олмон дар Душанбе шудаанд. 

Маҳмурод Одинаев гуфт, мулоқот бояд рӯзи 12-уми июн сурат мегирифт ва ӯ дар бораи вазъи ҳизбҳои сиёсӣ ва мавридҳои шиканҷа дар Тоҷикистон чанд пешниҳод карданӣ буд. 

“Аз сафорат низ ба ман занг зада, гуфта буданд, ки бо ниқоби тиббӣ ҳозир шавам. Чанд лаҳза пеш аз мулоқот, ногаҳон, маро ба идораи корҳои дохилии Ҳисор даъват карда, гуфтанд, ки “беҳтар аст, наравед”, – нақл кард ӯ. 

Рӯзи 15-уми июн дар бахши навбатдории Шуъбаи корҳои дохилии Ҳисор пурсиши моро дар ин бора шуниданд, вале бе ягон ҳарф гӯширо гузоштанд. 

Кӯшишҳои мо барои пайвастан бо сафорати Олмон дар Тоҷикистон ва дақиқ кардани масъалаи мулоқот то ин дам бенатиҷа буд. 

Маҳмурод Одинаев иддао дорад, ки дар бораи мулоқоташ касе хабар надошт ва тахмин мезанад, ки эҳтимол мақомот суҳбатҳои телефонии ӯро гӯш кардаанд ва нигаронияш низ аз ҳамин ҷост: “Занги телефонии маро ба сафорати Олмон ба ҷуз аз худам каси дигар намедонист. Мақомот чӣ гуна аз он хабар ёфтанд? Ба хотири амнияти худ ва фарзандон сахт нигарон ҳастам. Фишорам боло рафт ва ба шифохонаи Ҳисор муроҷиат кардам.”

Дар ҳоли ҳозир раёсати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тасмим дорад, бо пахши изҳороте аз мақомоти интизомии Ҳисор шарҳи ҳодисаро тақозо кунад.

Бар асоси қонуни Тоҷикистон “оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ”, ки ду сол пеш дар моҳи июни соли 2018 аз тарафи Маҷлиси Намояндагон қабул шуд, “ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад”.

Аммо дар Тоҷикистон мардум, бахусус дигарандешони сиёсӣ, аз гӯш шудани суҳбатҳои телефониашон изҳори нигаронӣ мекунанд. Ҳангоми суҳбатҳои телефонӣ, вақте навбат ба ягон мавзӯи ҳассос мерасад, тарафи дигар зуд равиши гуфтугӯро ба самти дигар мебарад, ки “ин гапи телефонӣ нест”. 

Мақомот ҳамвора гӯш кардани суҳбатҳои ҳамаи сокинонро рад кардаанд, вале мегӯянд, барои пайдо кардани изи ҷиноятҳо ва бо ризояти мақомоти дахлдор ба таври истисноӣ баъзе суҳбатҳоро гӯш ва сабт мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.