Мурофиаи Навалний аз рӯи қазияи “тӯҳмат” аз сар гирифта шуд

Дар Маскав рӯзи 12 феврал муҳокимаи парвандаи Алексей Навалний, сиёсатмадори мунаққиди Кремлин дар қазияи “тӯҳмат” ба як собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон идома ёфт. Додгоҳ ҳафтаи гузашта шурӯъ шуд. Худи Навалний ин қазияро як сохтакории Кремлин барои беобрӯ кардани вай номидааст. Ин иттиҳом бар асоси шарҳҳои Навалний дар Твиттер соли гузашта сохта шудааст. Навалнийро дар он муттаҳам мекунанд, ки зери як видеои таблиғотӣ бо  даъват ба овоздиҳӣ дар референдуми тағйири конститутсия, ки онро асос барои бемӯҳлат дар интихобот пешбарӣ шудани президент Владимир Путин меноманд, гӯё шарҳҳои таҳқиромезу тӯҳмат нашр кардааст. Дар ҷараёни муҳокима Навалний ба додраси парванда гуфт, ҳар вақте ки ӯ мехоҳад бо саволе ба ҷониби шикояткунанда муроҷиат кунад, ҳарфи ӯ бурида   ва мурофиа боздошта мешавад, то ки, ба қавли Навалний, ҷониби даъвогар берун баромада машварат бигирад, ки чӣ бигӯяд. Вақте додрас гуфт, ки “шумо ҳақи савол додан надоред”, Навалний гуфт: “Шумо Кодекси Ҷиноиро хуб намедонед” ва афзуд, “мисли тӯтӣ гап мезанед”. ТВ “Дожд” дар нақли қавл аз сӯҳбатҳои додгоҳии Навалний бо додрас навишт, “Шумо бояд беобрӯкунии худу ташкили як муҳокимаи сиёсиро бас кунеду  рафта каме омӯзиш гиред”.   

Қазияе ки моҳи июн шурӯъ шуд, ба нашри калимаҳои мисли “хоинон”, “афроди бешараф” ва “чоплусҳои фасодкорон” рабт дорад. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки ин ҳама шарҳҳо “иттилои дурӯғин ва поймолунандаи шарафу эътибори инсон” буда, ба иззати нафти собиқадори Ҷанги дуюми  ҷаҳон, ки дар видео ширкат кардааст, осеб расонид. Ба Навалний аз рӯи ин парванда пардохти ҷарима, кори маҷбурӣ ваё ҳабс таҳдид мекунад.

Қазияи додгоҳии мазкур дар ҳоле ҷараён мегирад, ки  Навалний дар паи бозгашташ аз Олмон аз табобати заҳролудшавӣ ӯро боздошт карда, барои нақзи ҳукми додгоҳи соли 2014 оид ба фасод дар заминаи ҳукми шартии зиндон ба 2 солу 8 моҳи ҳабс маҳкум карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.