Мурофиаи нави Алексей Навалний аз рӯи иттиҳоми “таҳқир” ва “тӯҳмат”

Дар Русия мурофиаи нави додгоҳии Алексей Навалний шурӯъ шуд. Ин навбат раҳбари мухолифонро аз рӯи моддаи “таҳқир”  ва “тӯҳмат” дар  як шарҳаш дар Твиттер муҳокима мекунанд, ки ба як навори видеоии рӯ ба Кремлин рабт мегирад. Навалнийро ба таҳқири як собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон айбдор мекунанд, ки дар  навори видеоии таблиғотӣ тарафдории худро аз тағйироти конститутсияи Русия баён карда буд. Ин тағйирот, ки порсол қабул шуд, ба президент Владимир Путин имкон медиҳад, ки бемӯҳлат дар интихоботи президентӣ иштирок кунад. Навалнийро барои он муҳокима мекунанд, ки дар зери видео “шармандаҳои кишвар” ва “хоинон” навишта буд.

Мурофиаи 5-уми феврал чанд рӯз баъди он баргузор мешавад, ки додгоҳе аз ин пеш ин мунаққиди Кремлинро бо иттиҳоми нақзи ҳабси шартӣ ба 2 солу 8 моҳи зиндон маҳкум кард. Ин ҳукм ба қарори соли 2014-и додгоҳ оид ба моддаи фасод бармегардад. Навалний ин додгоҳро дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад.  

Ҳукми ахири Навалний боиси эътирозҳои сартосарӣ дар Русия шуд. Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 4 феврал аз Маскав хост, ки Навалний “билофосила ва беқайду шарт” озод шавад. Мурофиа дар рӯзе шурӯъ шуд, ки барои аввалин бор баъди соли 2017 як мақомдори калони аврупоӣ ба Маскав сафар кардааст. Мавзӯи Навалний яке аз масъалаҳоест, ки раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррелл бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар миён гузоштааст.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.