Мушкилоти фаннӣ дар паёмрасони Signal

Замимаи паёмрасони Signal гуфт, ки рӯзи 27-уми сентябр бо мушкил рӯбарӯ шуд ва кори хадамот муваққатан боздошта шудааст. Ширкат бо нашри изҳороте гуфт, ки “Signal бо сабаби эҷоди мушкил дар ҳостинг ва бекор шудани бархе хадамот,  феълан кор намекунад”. Дар паёме, ки маъмурияти ин паёмрасон дар Твиттер навиштааст, кор дар самти таъмири он идома дорад. Хабарҳо дар бораи осеб дидани кори Signal дар ИМА, Аврупо, Ҳонгконг ва дигар нуқоти ҷаҳон аз шоми 26-уми сентябр ба ин сӯ нашр мешаванд.

Замимаи Signal соли 2014 таъсис шуд. Афзоиши шумори корбарони ин паёмрасон баъди он мушоҳида шуд, ки паёмрасони WhatsApp,  марбут ба ширкати Facebook гуфт, ки дар сиёсати ҳифзи маълумоти хусусӣ тағйирот ворид мекунад. Истифодаи Signal-ро миллиардер ва соҳибкори фанновариҳои навин Илон Маск ҳам таблиғ кард ва танҳо дар моҳи март шумори корбарони онро ба беш аз 100 миллион нафар боло бурд.

Signal-ро дар Тоҷикистон камтар ва паёмрасонҳои дигари мисли WhatsApp, IMO ва “Телеграм”-ро бештар истифода мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.