Мушовирони раҳбарони Украина, Русия, Фаронса ва Олмон ҷаласа мекунанд

Рӯзи 19 апрел қарор аст дар як ҷаласае мушовирони раҳбарони Украина, Русия, Фаронса ва Олмон роҳҳои эҳтимолии коҳиши таниш дар шарқи Украинаро баррасӣ кунанд.  Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳафтаи гузашта раҳбарони Украина, Фаронса ва Олмон дар паи ҷаласаи муштараке аз Русия тақозо карданд, ки нирӯҳояшро аз назди марзҳои Украина ва ҳам нимҷазираи Қрим бозпас бикашад. Созиши оташбаси бисёр заъифе, ки миёни ҳукумати Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия имзо шудааст, ҳафтаҳои ахир риоя намешавад ва аз оғози соли ҷорӣ шумори сарбозони кушташудаи украинӣ дар ин  шарқ дастикам 30 нафарро ташкил дод.

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки дар талоши ташкили музокироти аъзои гурӯҳи Нормандия мебошад, ки ба он Украина, Русия, Фаронса ва Олмон шомил мешаванд. Фаронсаву Олмон аз соли 2015 ба ин сӯ дар низои Украина ба ҳайси миёнҷӣ иштирок мекунанд. Рӯзи 16-уми апрел Зеленский дар Париж  бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон имкони  ташкили музокирот бо президенти Русия Владимир Путинро баррасӣ кард. Баъди ин ду раҳбар  тавассути тамоси интернетии видеоӣ бо  садри аъзами Олмон Ангела Меркел сӯҳбат карданд. Зеленский дар Париж гуфт, ҳадафи мушовирони сиёсӣ азсаргирии созишномаи Минск мебошад, ки оташбас дар шарқи Украинаро ҳамчун қадаме ба сӯи хатми низоъ дар шарқи ин кишвар пешбинӣ кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.