Мусоҳибаи “Спутник” бо пизишки марди фавтида аз Суғд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Хабаргузории “Спутник” бо Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури шифохонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар карантин қарор дорад, мусоҳиба анҷом додааст, ки онро дар зер меорем:

Дар пайи фавти як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов 11 пизишки беморхонаи марказии ин ноҳия ба гумони ибтило ба “вируси тоҷдор” ба шифохонаи шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтаанд. Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки вазъи сиҳатии онҳо , бахусус, яке аз онҳо – Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов вазнин аст. Хабарнигори Sputnik-Тоҷикистон бо мавсуф тамос гирифт ва ҷузъиёти ҳодисаро пурсид. Мавсуф дар бораи вазъи саломатии худу ҳамроҳонаш гуфт:

Абдукаримов: Ягон гап нест. Ман сиҳату саломатам. Ҳамин ҷо дар шӯъбаи терапияи шифохонаи шаҳри Хуҷанд дар қарантина қарор дорам. Таҳлилҳоямонро гирифтаанд. Гуфтанд, ки соати 10 маълум мешавад. Мунтазирем. Рости гап, ягон тасф надорам, ягон аломати дигар ҳам нест. Дигарон ҳам инчунин. Шахсан ҳатто ягон дору ҳам нахӯрдаам. Аз воҳима ҳам таби одам баланд мешавад.

Sputnik-Тоҷикистон: Кадом воҳима?

Абдукаримов: Ин ки дар берун расонаҳо дар бораи ман навиштаанд. Наздикон, ёру дӯстон, фарзандонам занг мезананд, рӯзноманигорон тамос мегиранд.

Sputnik-Тоҷикистон: Ягон диагноз ба Шумо намондаанд?

Абдукаримов: Не, фақат ба хотири тафтишот хобидаем. Таҳлилҳоро гирифтаанд, агар манфӣ баромад, ҷавоб медиҳанд хона меравем.

Sputnik-Тоҷикистон: Ҳамон одаме, ки мариз шуда, фавтидааст, киву чикора буд ва чӣ маризӣ дошт?

Абдукаримов: Он кас як деҳқони оддии 59 – сола буда, дар қишлоқи Гулафшон, собиқ Янтоқзори ҷамоати деҳоти “Ҳаёти нав” – и ноҳияи Ҷаббор Расулов зиндагӣ мекард. Ҳангоми кор дар саҳро, чун мавсими кишту кору дигар масруфиятҳои деҳқонӣ аст, оби сард нӯшидаанд. Пас аз ин сар мешавад. Санаи 21 ё 22 беморӣ авҷ мегирад. Фикр мекунад, зукоми оддӣ аст ва бо табобат дар хона машғул шудааст. Аммо баъдтар вақте маризӣ авҷ гирифта, ба узвҳои роҳи нафас мегузарад, ба пневмония мубтало мешавад. Шушаш шамол мехӯрад. Ҳамин тавр, ҷойҳои дард фасод мегиранд. Ҳарду тарафи шуш шамол мехӯрад, яъне аз ду тараф пневмония мешавад. Ин як ҳолат ё мавриди хеле нодир аст. Мо ҳамин гуна ташхис додем.

Sputnik-Тоҷикистон: Оё ба Қирғизистон рафта, ё тамосҳое бо афроди дигари машкук доштааст?

Абдукаримов: Бале, ҳатман ки пурсидем. Он кас умуман ба Қирғизистон нарафтааст ва бо ягон маризи дигар тамос надоштааст. Аммо чун ду тарафи шушаш шамол хӯрда буд, бо Хадамоти беҳдоштиву эпидемиологӣ ба ин натиҷа расидем, ки таҳлилҳои ӯро барои ташхис ба Душанбе фиристем, ба хотири ин, ки боз “вируси тоҷдор” надошта бошад. Душанбе посух дод, ки таҳлилҳояш манфӣ аст, яъне ҳеҷ асаре аз вирус нест. Аммо он кас, ки 28 бистарӣ шуда буданд, 1 апрел дар шӯъбаи эҳё вафот карданд.

Sputnik-Тоҷикистон: Ин қарантину интиқоли шумо ба Хуҷанд чӣ тавр иттифоқ афтод?

 Абдукаримов: Аз вафоти он кас се – чор рӯз гузашта буд. Як корманди мо, ки бо он кас тамос дошт ва он касро табобат мекард, шикоят аз дарди гулӯ, якеи дигар аз дарди сар кард. Худи ман ҳам, ки он касро муоина карда будам, тасф кардам ва ҳароратам баланд шуд. Дар умум 11 нафаре, ки бо он бемор тамос доштем, ҳамин гуна аломатҳоро нишон доданд. Мо ба раҳбарияти шифохона муроҷиат кардем, ки пас аз ҳамон маврид ҳамин ҳодисаҳо ҷараён доранд, чӣ кор кунем? Тасмим бар ин шуд, ки моро ба Хуҷанд интиқол диҳанд. Аз ҳамаи мо ташхис гирифтанд ва гуфтанд, ки то маълум шудани натиҷаҳо бояд дар қарантина бошем.

Абдукаримов: Бале, аъзои оилаи он кас дар табобатгоҳи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти қарантина қарор доранд. P.S. Дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Sputnik-Тоҷикистон гуфтанд, ки ташхиси 11 пизишк аз ноҳияи Ҷаббор Расулов то як – ду соати дигар маълум хоҳад шуд.

The post Мусоҳибаи “Спутник” бо пизишки марди фавтида аз Суғд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.