Мусодираи 350 ҳазор дона “хлопушка” дар Тоҷикистон

Дар Душанбе давоми чанд рӯзи охир дар 12 ҳолат зиёда аз 350 ҳазор дона маводи тарфгарӣ ё хлопушка аз муомила гирифта шудааст. Воридот ва фурӯши маводи тарфгарӣ, ки бештар ба хотири тафреҳ дар иди Соли нав ба кор меравад, дар Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози солҳои 2000-ум манъ карда шуд. Ҳам барои фурӯш ва ҳам барои истифодаи чунин мавод муҷозот таъйин шудааст. Вале бо ин вуҷуд ҳар сол дар арафаи Соли нав асосан аз Чин ба Тоҷикистон миллионҳо дона маводи тарфгарӣ ворид мешвад. Бино ба итиллои Раёсати вазорати корҳои дохилии Душанбе, дар пайи як амалиёт аз ду ҷавони 20-солаи сокини пойтахт 17 ҳазор ва аз як  ҷавони 18-сола 3500 дона маводи тарфгарӣ пайдо ва мусодира шудааст. Нисбати ҳамаи дастгиршудаҳо  парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ба онҳо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.