Мутахассисон ба таҳқиқи сарчашмаи коронавируси нав оғоз мекунанд

Мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои оғози таҳқиқи деринтизор ҷиҳати пайдо кардани манбаи аслии коронавируси нав ба Чин ворид шудаанд. Расонаҳои давлатии Чин гуфтанд, ки гуруҳи 10-нафарии мутахассисон рӯзи 14-уми январ ба шаҳри Вуҳан расид, ки коронавирус дар онҷо охири моҳи декабри соли 2020 пайдо карда шуд.

Мутахассисон, ки аз Амрикову Австралия, Олмон, Ҷопон, Бритониё, Русия, Ҳолланд, Қатар ва Вйетнам ҳастанд, як моҳ дар Вуҳан мемонанд. Онҳо корашонро таҳти карантин ва бо гуфтугуҳои видеоӣ бо мутахассисони чинӣ оғоз мекунанд. Тедрос Адҳаном Гебрейесус, мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳафтаи гузашта гуфт, ки аз таъхири Чин дар қабули мутахассисон маъюс шудааст. Ҳоло онҳо бояд маълум кунанд, ки вирус чӣ гуна аз ҳайвон ба инсон сироят кардааст.

Гумон меравад, ки коронавирус, ки кӯршабпаракҳо табиатан дар худ доранд, ба ҳайвони дигаре сироят кардааст ва он ҳайвони беморро дар бозори гӯшти Вуҳан фурӯхтааанд. Ҳукумати Чин ин фарзияро дар миён гузоштааст, ки вирус шояд аз гӯшти олудаи воридотии ҷонварҳои баҳрӣ ба Чин омадааст. Ин фарзияро муассисаҳо ва мутахассисони байналмилалӣ бепоя хондаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.