Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе ба поён расид

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар шаҳри Душанбе ба масъалаи кушодани марзҳо рӯшание наандохт ва ҷонибҳо дар ин бора ҳеч хабари расмӣ нашр накарданд. Узбекистон аз 1-уми октябр марзҳои худро ба рӯи кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон боз мекунад, вале мақомоти тоҷик то ҳанӯз кушодани сарҳадро тасдиқ накардаанд. 

Ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки зери роҳбари сарвазирони ду кишвар баргузор шуд, ба анҷом расид. 

Рӯзноманигорон дар ин ҷаласа ширкат надоштанд, аммо дар хабарҳое, ки мақомоти ду кишвар нашр карданд, дар бораи боз кардани марзҳо ҳеч ишорае нашудааст. Ҳарчанд қаблан гуфта мешуд, ҷонибҳо масъалаи бозкушоии марзҳои Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ мекунанд. 

Мақомоти ҳарду кишвар ба ҷуз аз пахши чанд хабарномаи расмӣ аз шарҳи ҷузъиёти бештари вохӯрӣ худдорӣ мекунанд. Дар хабарномаҳо ҳам гуфта шудааст, ки ҷонибҳо ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, роҳу нақлиёт ва ғайраро баррасӣ кардаанд. Дар бораи боз кардани марз ва дубора оғоз шудани парвозҳои мустақим ҳеч ишорае нашудааст. 

Бо ин вазъ аз фардо Узбекистон марзҳои худро ба рӯйи ҳамсоякишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон боз мекунад. Шарти асосӣ супоридани тест ва ду ҳафта карантин шудан дар Узбекистон аст. Тасмими ҷониби Душанбе дар бораи кушодани марз ҳанӯз рӯшан нест.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.