Нақш ва ҷойгоҳи Истиқлолият дар рушди давлатдории миллӣ

ДУШАНБЕ, 03.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тайи 28 соли соҳибистиқлолӣ  роҳбарияти олии мамлакат тавонист, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори Ватани худро таъмин намояд, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло барорад, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшида, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро барои фароҳам овардани шароити мусоид ва зиндагии шоиста равона созад. Ин нукта имрӯз зимни ҳамоиш бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, иброз гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва суд, донишгоҳҳою донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ВАО ширкат варзиданд.

Зикр шуд, ки дар ин давра Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки он пояҳои Истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири Тоҷикистон гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат  ва идораи давлат таъмин намуд.

Дар ҳамоиш оид ба нақш ва ҷойгоҳи истиқлолият дар рушди давлатдории миллӣ аз ҷониби ширкаткунандагон маърӯзаҳо хонда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки принсип ва меъёрҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд, заминаи инкишофи низоми ҳуқуқии мамлакатро муайян намуда, волоияти онро нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамоянд.  Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки  истиқлолияти давлатӣ ба рушди низоми қонунгузорӣ низ мусоидати фаъол  намудааст.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.