Нақшаҳои нави мубориза бо COVID-19 дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд

Ҷаласаи навбатии аъзои раёсати Созмони минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ (RADOCA) дар Алмаато дар шакли онлайн баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи асосии ҷаласа арзёбии нақшаи фаврии RADOCA ва Кодекси Созмони ҷаҳонии зидди допинг ё WADA (World Anti-Doping Agency) дар соли 2021, инчунин муҳокимаи нақшаҳои минбаъда дар пасманзари пандемияи COVID-19 буданд.

Ҷаласа таҳти раёсати мудири RADOCA, доктор Венера Абдулло доир шуд. Дар ҷаласа ҳамаи аъзои раёсати Созмони минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ ширкат карданд: доктор Абдул Раҳмон Ҳамид, Майра Бакашева, доктор Нургул Кермакунова, доктор Ҷамбал Хатанбаатар, доктор Вакар Аҳмад, Эркинҷон Латипов (мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон), Расул Чориев ва доктор Нодирҷон Турсунов.

Хонум Иева Лукосиуте-Станикуниене аз дафтари Созмони ҷаҳонии зидди допинг (WADA), Казуҳиро Ҳаяши ва Кенни Ли аз дафтари минтақавии WADA дар Осиё низ иштироккунандагони ҷаласа буданд.

Бояд тазаккур дод, дар Тоҷикистон Созмони миллии зиддидопингӣ фаъолият мекунад. Ин созмон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии кишвар ҳамасола давраҳои омӯзиширо таҳти шиори “Мо зидди допингем” аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ доир менамояд. Дар машғулиятҳои назариявӣ роҳбарону намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ, мураббиёну варзишгарон ва пизишкон ширкат меварзанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.