Нахустин паёми Ҷо Байден ба Конгресси Амрико

Президенти ИМА Ҷо Байден бо нахустин паёми худ дар Конгресси он кишвар суханронӣ кард. Дар ин паём вай нақшаи густардаи амалеро муаррифӣ кард, ки ба гуфтааш, “ояндаи Амрикоро таъмин мекунад”.

Байден суханрониашро аз муваффақияти маъракаи воксинзанӣ зидди коронавирус ва рушди фаврии иқтисоди кишвараш шуруъ кард. Вай аз Конгресс даъват кард, ки “Нақшаи амрикоии ташкили ҷойҳои корӣ”-ро қабул кунад. Ин барнома ҷудосозии наздики ду триллион долларро барои сармоягузории зерсохторӣ: сохтани пул ва роҳҳо, хати барқ, садҳо ҳазор нуқтаи неругирии мошинҳои барқӣ, ивази лулаҳои об ва ғайраро пешбинӣ мекунад. Президенти ИМА даъват дорад, ки маоши ҳадди ақал барои як соат ба 15 доллар бароварда шавад ва ҳуқуқи таъсиси иттиҳодияҳои коргарӣ густариш ёбад.

Ҷо Байден ваъда дод, ин нақшаҳо аз ҳисоби боло бурдани андози корпоратсияҳо ва сарватмандони амрикоӣ, ки дар сол бештар аз 400 ҳазор доллар даромад доранд, таъмин карда хоҳанд шуд.

Байден ИМА-ро дар муқобили кишварҳои худкома гузошт. Ба гуфтаи Байден, низомҳои худкома бар ин назаранд, ки демократия мағлуб мешавад, зеро кишварҳои демократӣ наметавонанд, ба созиш расанд. Байден гуфт, “мо ба худкомаҳо нишон медиҳем, ки демократия зинда аст ва кор мекунад”.

Байден қисме аз паёмашро ба муносибатҳои ИМА ба Чину Русия бахшид. Вай гуфт, ИМА дар муносибатҳо бо Русия ҷӯёи шиддат бахшидани таниш нест, аммо Вашингтон ба амалҳои душманонаи Русия посухи ҳамсон медиҳад. Байден афзуд, ҳифзи ҳуқуқи инсон дар саросари дунё қисми муҳими сиёсати хориҷии Амрико хоҳад буд, зеро Амрико таблиғгари ин ақида аст, ки ҳамаи одамон баробар офарида шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.