Нахустин реклом бо пӯшиши исломӣ дар Русия (видео)
Ширкати “Глория Ҷинс” нахустин шуда дар Русия дар рекломи молҳояш аз пӯшиши исломӣ истифода кард,- менависад РБК.
Бинобар иттилоъи расона, духтаре бо пӯшиши исломӣ дар навори рекломи ин ширкат ҳанӯз ду ҳафта пеш пайдо шудааст. Видеои реклом ҳамин аст:
“Мо кишвари сермиллат ҳастему пайдо шудани духтари ҳиҷобпӯш дар рекломи мо эҳтиром гузоштан ба пайравони ислом аст, ҳамчунин мо мехостем таъкид кунем, ки барои ҳама либос меофарем”, -гуфтааст ба РБК бунёнгузори “Глория Ҷинс” Владимир Мелникуф.
Бояд гуфт, ширкатҳои гуногуни ҷаҳонӣ чанд сол боз либосҳои хоси мусулмонон истеҳсол ва савдо мекунанд. Фарзи мисол, ширкати H&М дар соли 2015 рекломи густурдае бо духтарони пӯшиши исломӣ дошт.