Нахуствазири Булғористон ба COVID-19 олуда шудааст

Бойко Борисов, нахуствазири Булғористон ба коронавируси нав олуда шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки Аврупо бо мавҷи тозаи пандемия дастбагиребон аст. Дар бораи натиҷаи мусбати тести  COVID-19 Борисов дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод. Ӯ навишт, ки вуҷуди коронавирусро ду тест тасдиқ кард ва афзуд, ки “заъфи бадан дорад” ва мувофиқи машварати табибон дар хона бо муолиҷа машғул мешавад.

Дар кишвари иборат аз 7 миллион ҷамъияти Булғористон дар минтақаи Балкан беш аз 37,5 ҳазор ҳодисаи гирифторӣ  ва 1084 ҳодисаи марг бар асари  коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз 21-уми октябр дар ин кишвар доштани ниқоби тиббӣ дар дохили муассисаҳо ҳатмӣ  ва дар бархе манотиқ, аз ҷумла пойтахт, шаҳри София, кори тафреҳгоҳҳои шабона манъ шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.