Нахуствазири Русия ба Минск сафар мекунад

Рӯзи 3 сентябр қарор аст нахуствазири Русия Михаил Мишустин ба Минск сафар кунад. Ин дар ҳолест, ки аз 9 август ба ин сӯ дар паи интихоботи президентӣ, ки ба қавли мухолифон, тақаллуб шудааст, дар Беларус пайваста намоишҳои эътирозӣ барпо мешаванд ва ин кишвар дар як инзивои байналмилалӣ мебошад. Дар Русия, ки Беларусро шарики сиёсиву иқтисодӣ медонад, таҳаввулоти Минскро аз наздик мушоҳида мекунанд. Сафари Мишустин ба Минск ду ҳафта пеш аз мулоқоти барномарезишудаи президентони Русия ва Беларус – Владимир Путин ва Александр Лукашенко баргузор мешавад. Рӯзи 2 сентябр дар мулоқот бо вазири хориҷаи Беларус Владимир Макей, ки дар Маскав баргузор шуд, ҳамтои руси ӯ Сергей Лавров интиқодҳои ғарбро дар нисбати Беларус “харобкорона” номид ва ҳушдор дод, ки Маскав ба ҳама гуна талоши бесубот кардани вазъи Беларус “бо қотеият” посух медиҳад. Макей бо изҳори сипос аз Русия гуфт, ки эътирозҳо аз хориҷа ташкил мешаванд. Ҷудогона аз ин диду боздидҳо рӯзи 4 сентябр қарор аст вазири дифои Беларус Виктор Хренин ба Русия сафар кунад ва дар мулоқоти вазирони узви кишварҳои Ҳамсуд ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ширкат кунад.  Ҳафтаи гузашта  Путин эҳтимоли ирсоли нирӯ ба Беларус барои “таҳти назорат гирифтани вазъ”-ро имконпазир гуфта буд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.