Намоишҳои эътирозӣ дар Эрон бо пуштибонӣ аз Озарбойҷон

Дар чанд шаҳри Эрон, аз ҷумла Теҳрону Табриз ба пуштибонӣ аз Озарбойҷон  дар муноқишааш бо Арманистон бар сари минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ намоишҳои эътирозӣ барпо шуд. Дар чандин наворҳои видеоии ба шабакаҳо роҳёфта дида мешавад, ки даҳҳо нафар дар кӯчаҳо бо нидоҳои пуштибонӣ аз озариҳо, аз ҷумла, шиорҳои мисли “Қаробоғ аз мост ва аз мо мемонад”, раҳпаймоӣ карданд. Озаритаборҳо дар Эрон бахши аъзами ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд.  Баъзе гузоришҳо мегӯяд, ки нирӯҳои амниятӣ эътирозгаронро бо истифода аз гази ашковар пароканда карданд ва инчунин хабарҳо аз задухӯрди полис ва эътирозгарон ҳам ба даст мерасад. Ба иттилои Оҷонсии хабарии фаъолони ҳуқуқи башар, 38 нафар боздошт шудааст. Баъди шурӯи ихтилофҳои шадид дар Хати тамоси миёни нирӯҳои арманитабори назораткунандаи Қаробоғи Кӯҳӣ  ва сарбозони Озарбойҷон дар таърихи 27-уми сентябр, беш аз 100 нафар, аз ҷумла афроди мулкӣ кушта шуданд.  Баъди хатми ҷангҳо дар Қаробоғ дар соли 1994 даргириҳои ахирро хеле пурхушунат меноманд. Рӯзи 1-уми октябр чаҳор намояндаи раҳбари олии Эрон Алии Хоманеӣ дар чаҳор минтақае, ки аксар сокинонаш озаритабор мебошанд, ба пуштибонии Озарбойҷон изҳороти муштараке нашр карданд. Намояндагони Хоманеӣ дар вилоятҳои Озарбойҷони Ғарбӣ, Озарбойҷони Шарқӣ, Ардебил ва Занҷон гуфтанд, ки “ҳеҷ шубҳае нест, ки минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ ба Озарбойҷон марбут аст”. Эрон, ки ҳаммарзи ҳам Озарбойҷон ва ҳам Арманистон аст, ҳарду кишварро ба хатми даргириҳо даъват карда ба миёнҷигӣ дар миёни ду тараф изҳори омодагӣ кардааст.

 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.