Намоиши эътирозии серҷамъияти Беларус дар остонаи мулоқоти Лукашенкову Путин

Дар рӯзи 36-уми эътирозҳои интихоботӣ даҳҳо ҳазор сокини Беларус ба хиёбонҳои Минск ва дигар шаҳрҳои калони ин кишвар баромада, истеъфои президент Александр Лукашенкоро тақозо карданд. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 13-уми сентябр дар бораи боздошти 400 нафар хабар дод. Дар миёни боздоштшудаҳо аксбардори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Влад Гридин ҳам ҳаст. Ӯву як аксбардори дигар, ки дар як тарабхонае нишаста буданд, аз ҷониби гурӯҳи нафарони ниқобпӯш боздошт шуданд ва дастгоҳҳои онҳо мусодира шуд. Эътирозҳои серҷамъияти ахир дар ҳоле баргузор мешавад, ки  дар эътирозҳои гузашта сохторҳои интизомӣ даҳҳо ҳазор нафарро боздошту латукӯб кардаанд.  Лукашенко, ки 26 соли охир дар сари қудрат аст, то ҳол ҳама гуна даъват ба муколама бо мухолифонро рад кардааст. Дар робита бо  эътирозҳои рӯзи якшанбе ӯ ҳеҷ изҳороте надод ва ба Сочи барои мулоқоти рӯбарӯ бо президенти Русия Владимир Путин парвоз кард.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.