Намояндагони давлатҳои аъзои СААД ва ИДМ оид ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлоси 75-уми МУ СММ машваратҳои нақшавӣ доир намуданд

ДУШАНБЕ, 05.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 сентябр машваратҳои нақшавии намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлоси 75-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шакли видеоконфронс доир гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, иштирокдорони машваратҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, баррасӣ намуда, роҷеъ ба авлавиятҳои кишварҳои худ дар робита ба рӯзномаи иҷлоси 75-уми Созмон изҳори назар намуданд.

Дар ин росто, дар бораи авлавиятҳои ҷониби Тоҷикистон низ маълумоти муфассал дода шуда, зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангшуда ҷиҳати муқовимат ба бемории сироятии COVID-19 ва таҳдиду чолишҳои дигари амниятии ҷаҳонӣ таъкид гардид.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.