Намунаи барҷастаи исломбадбинӣ дар “Ориён-инфо”, “Азия-таймс” ва “Оила”

  • Манбаъ: “Ориён”
  • Манобеи молӣ:Ба ҷомеа ҳисоботи молӣ пешниҳод намекунад

Маводи таҳқиқшаванда

Баъди шаби аввал арӯси 13-сола вафот кард

Духтари 13-сола пас аз шаби арӯсӣ даргузашт. Пӯшида нест, ки дар баъзе кишварҳо духтарон хеле барвақт ба шавҳар дода мешаванд, аз ин рӯ чунин оқибатҳои бад рӯх медиҳанд…

MediaMarker

“Ориён-инфо” ва ҳадди аққал 4 расонаи дигари тоҷикӣ як хабари ҷаълиро паҳн кардан доранд, ки намунаи пӯшидаи исломбадбинӣ ва мағзшӯӣ буда, таърихчаи 10- сола дорад.

  • Сомонаи “Ориён” рӯзи 11-уми феврал дар гӯшаи “Оҷил” бо сарлавҳаи ҳангомаомези “Баъди шаби аввал арӯси 13-сола вафот кард” хабар дод, ки “Духтари 13-сола пас аз шаби арӯсӣ даргузашт. Пӯшида нест, ки дар баъзе кишварҳо духтарон хеле барвақт ба шавҳар дода мешаванд, аз ин рӯ чунин оқибатҳои бад рӯх медиҳанд… Истиқоматкунандаи Яманӣ бо номи Асс Илҳом ал Маҳдӣ, ки ҳамагӣ 13 сол дошт, бо марди калонсоле издивоҷ кард. Пас аз аввалин шаби арӯсӣ, хешовандон духтари урёнро дар ҳолати беҳушӣ ёфтанд. Дар байни пойи духтари бечора якчанд яраҳои вазнин дарёфт карданд, ки шикофҳои сершумори узвҳои таносул доранд. Шавҳари навтаъсисшуда бошад, пас аз шаби аввали арӯсӣ субҳи барвақт боз ба ҷои кораш равона шуд, ва ҳатто аз вазъи вазнини зани ҷавонаш пурсон ҳам нашуд. Духтарро фавран ба беморхона бурданд. Табибон 4 рӯз барои ҳаёти ӯ муборизаи ҷиддӣ бурданд, аммо мутаассифона, духтар вафот кард…”.
  • Матлаби “Ориён” акси ҳузнангез дорад, аммо нахустманбаъ надораду маълум нест, ки ин расонаи тоҷикӣ онро аз куҷо дастрас кардааст:
  • Ҳамин хабарро рӯзи дигар сомонаи “Тоҷикона” бе нишон додани манбаъ бознашр кардааст:

 

  • Ин ҳам дар ҳоле, ки истифодаи ин аксҳо бархилофи иалаботи моддаи 29-и Қонуни ҶТ “Оид ба матбуоти даврӣ  ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва банди 7  “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” мебошад.
  • Санаи 14 феврал нашрияи “Оила” айни ҳамин хабарро бе дарҷи манбаъ, бидуни санҷиш бо истифода аз акси кӯдаки дигар ба нашр расонд:

 

  • Аммо оё ин “ҳодиса” нав аст? Сомонаи “Азия таймс”, ки мисли “Ориёно” ҷузъе аз “Фабрикаи ҷавоб” маҳсуб мешавад, айни ҳамин хабарро бо ҳамин акс моҳи сентябри соли 2019 нашр кардааст:

 

  • Аммо ин “ҳодиса” таърихи беш аз 10 сола дошта, дар “Экспресс газета” нома маҷаллаи зард нашр шудааст:

  • Ҳамин тариқ, ин матлаб аксарияти кулли нишонаҳои хабари ҷаълӣ: рушан набудани манбаъ, манбаъи беэътимод, вуҷуд надоштани аксу видеои аслӣ, вуҷуд надоштани шоҳидони аслӣ, вуҷуд надоштани нахустманбаъ,  сарлавҳаи шурангез, интрига дар сармақола, номувофиқии таърихи ҳодиса ва хатоҳои бисёри имлоиро доро мебошад, аммо бидуни баҳонаи хабарӣ дар чандин расонаи тоҷикӣ ба нашр расидааст, ки аломати сиёсати редаксионии хос мебошад.
  • Сиёсати редаксионии хос, ки дар саҳфаҳои “Ориёно”, “Оила”, “Ҳамсинф” ва “Азия таймс”  зиёд ба чашм мерасанду моҳиятан нишонаҳои  мавҷудияти исломбадбинӣ ва табъизи мазҳабӣ дар муҳити расонаи тоҷикӣ мебошанд.  Аммо мақомоти Тоҷикистон бо шумули Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи дин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва КДАМ ин падидаро нодида мегиранд, ки аз ғайримустақим пуштибонии давлатии ин тарҳҳои расонаи  шубҳанок далолат мекунад. Беамалии ин ниҳодҳоро ба ҳич баҳонае дигаре шарҳ дода намешавад.
  • Ин ҳам дар ҳоле, ки дастрасӣ ба сомонаи  “МедиаМаркер”, ки мунтазам ба фошкории  мавод ва корзорҳои тарғиботӣ аз  ҷониби мақомоти алоҳида ва ҳизбу гуруҳҳои сиёсӣ  дар муҳити расонаии тоҷик машғул мебошад, чанде  боз дар ҳудуди Тоҷикистон дастнорас аст.

The post Намунаи барҷастаи исломбадбинӣ дар “Ориён-инфо”, “Азия-таймс” ва “Оила” appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.