Наргис Қосимова роҳбари Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон шуд

  • Манбаъ: МедиаМаркер
  • Манобеи молӣ: EUCTJ

  Журналист ва фаъоли ҷамъиятӣ Наргис Қосимова раиси Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон интихоб шуд. 

  • Интихоби раёсат имрӯз дар Душанбе дар ҷаласаи эътилоф сурат гирифтааст.
  • Наргис Қосимова аз журналистони машҳури Тоҷикистон буда, ҳамчунин дар идораи созмонҳои ҷамъиятӣ низ таҷрибаи бой дорад.  Масъулияти навбатии ӯ низ ҷамъиятӣ буда,  маош надорад.
  •  Раиси тозатаъин дар сӯҳбат бо “МедиаМаркер” гуфт, “аз  ояндаи созмон хушбин мебошаму ширкати ҳар як бонуи журналист, аъзои эътилофро дар таҳия нақшаи кории созмон  муҳимм медонам”.  Кор мекунем,- таъкид кард ӯ.
  • Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон соли 2016 таъсис ёфта аввалин роҳбари он журналист Муҳайё Нозимзода буд. Аз соли 2017 то 2020 роҳбарии ин эътилофро рӯзноманигор Салимахон Ваҳҳобзода бар ӯҳда дошт.
  • Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занҳои журналист, табодули таҷриба миёни нафарони соҳибтаҷриба ва ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаи аъзои эътилоф аз аҳдофи асосии он дониста мешавад.
  • Дар ҳамин ҳол, тафовути ҷинсиятӣ гузоштан миёни журналистонро на ҳама қабул доранд.
  • Рӯзноманигор Шаҳноз Комилзода мегӯяд: “аслан ман мувофиқ нестам, ки касб, аз ҷумла рӯзноманигориро ба занонаву мардона ҷудо кунанд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо, ҳангоми фиристодани журналист ба мавзеъи низоъ ё ҷанг ҷинсият бояд ба инобат гирифта шавад. Дар дигар ҳолатҳо такя ба ҷинсият, ба ақидаи ман амали бемантиқ аст”.


Coming Soon



Шумо ба ин матлаб кадоме аз маркерҳои муносиб медонед?


Шумо ба ин матлаб кадоме аз маркерҳои муносиб медонед?

Шумо ба ин матлаб кадоме аз маркерҳои муносиб медонед?

The post Наргис Қосимова роҳбари Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон шуд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.