Наргис Шарифзода: «Зани имрӯзаи тоҷик аз зани даврони пеш аз соҳибистиқлолӣ куллан фарқ мекунад»

ДУШАНБЕ, 06.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили  Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бояд ёдовар шуд, ки  ин неъмати бебаҳо барои миллати мо  ба осонӣ ба  даст наомадааст. Барои таҳким ва пойдории он садҳо нафар фарзандони сарсупурдаи миллат  ҷонфидоӣ кардаанд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо месазад  ёдоварӣ намоем, ки  дар баробари  ҷавонмардони баору номуси  Ватан занон низ дар ин ҷабҳа аз парчамбардорон ва истиқлолхоҳони ҷонфидо маҳсуб мешаванд. Маҳз дар ҳамин давра барои фаъолияти занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам омад. Дар ин мавзӯъ  сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе Наргис ШАРИФЗОДА ба мухбири  АМИТ «Ховар» андешаҳояшро чунин  иброз намуд:

—  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз паёмҳои табрикиашон ба муносибати Рӯзи Модар иброз доштанд, ки  «заҳматҳои беназири зан – модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин ба хотири ободиву оромии  мамлакат моро водор месозанд, ки қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо орем ва барои ӯ шароити мусоид омода кунем, то дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифат тарбия намояд.

Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои охир як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонид, ки ҳамаи онҳо, пеш аз ҳама, барои таъмини зиндагии осуда ва баланд бардоштани мақому манзалати зан – модар дар ҷомеа нигаронида шудаанд».

Воқеан ҳам, ба касе пӯшида нест, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ҳидоятҳои бевоситаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  баланд бардоштани мақоми занон  дар ҷомеа тадбирҳои судманд андешида шуданд. Дар ин давра барои ҷалби бештари онҳо  ба ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ заминаи мусоид  фароҳам омад. Аз ҷумла,  давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 20 санади муҳими давлатӣ оид ба масъалаҳои занон  қабул карда шуд. Аз ҷумла,  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»,  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз  соли 2010  ва ғайраҳо.

Бори дигар таъкид  менамоям, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик такони ҷиддӣ ба амал омада, онҳоро баҳри расидан ба мақсадҳои наҷиб рӯҳбаланд намуд.

Ба  иттилои  Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  то 1 июли соли 2019  шумораи хизматчиёни давлатӣ  аз ҳисоби занон  дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ — 986 нафар (26,5%), кадрҳои роҳбарикунанда 305 нафар (20,9%), дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 550 нафар (16,5%), кадрҳои роҳбарикунанда 230 нафар (19,9%)-ро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин  то давраи мазкур дар низоми хизмати давлатӣ аз шумораи хизматчиёни давлатӣ,  ки 18 ҳазору 835 нафарро ташкил медиҳанд,  4432 нафари онҳо  занон  мебошанд. Аз 5676 нафар шумораи умумии кадрҳои роҳбарикунандаи он   1144 нафар (18,4%)  -ро занон  дар бар мегиранд. Тавре огоҳӣ дорем, дар ду соҳаи муҳими иҷтимоии мамлакат- маориф ва тандурустӣ   асосан занону духтарон фаъолият мекунанд ва дар ин ҷода дастовардҳои беназир доранд.

Тавре зикр шуд,   70%-и кормандони соҳаи маориф ва  65 %-и  соҳаи тандурустиро занон  ташкил медиҳанд. Ҳамагон медонем, ки  солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кормандони  сохторҳои низомӣ ва мақомоти  ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз ҳисоби занон камшумор буданд. Имрӯз сафи занону духтарон дар мақомоти мазкур афзуда, онҳо  баробари мардон  дар ин ҷода  саҳм мегузоранд. Дар мақомоти қонунгузори мамлакат низ сафи вакилзанон сол то сол меафзояд.

Тавре мушоҳида мекунем, зани имрӯзаи тоҷик аз  зани чанд сол пеш аз даврони Истиқлолият ба куллӣ фарқ мекунад. Акнун ӯ мустақилона метавонад ба тиҷорат машғул шавад, мошин ронад, ба кишварҳои хориҷӣ сафар кунад ва ба дигар амалҳое, ки онро пештар «мардона» меномиданд,  даст занад.

Ин нишондиҳандаҳо бори дигар бозгӯи  иродаи сиёсии роҳбарияти давлат дар самти боло бурдани  нақши занон дар ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Дастоварди бузургтарини  бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ- ин таъсис ёфтани Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ваколатдори соҳаи кор бо занон дар мамлакат мебошад.

Дар ин радиф гумон мекунам, ки фаъолияти Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ назаррас аст. Аз ҷониби кормандони  Раёсати мазкур барои баргузории чорабиниҳои дорои хусусияти  гуногун бо ҷалби бонувон ва занони хонанишин ва ба ҳаёти  мустақилона омода намудани ҷавондухтарон корҳои зиёде анҷом ёфтаанд.

Бояд таъкид намоям, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пайравӣ ба Пешвои миллат ҳамеша баҳри баланд бардоштани манзалати занону духтарон кӯшиш менамоянд. Чанд рӯз пеш, барои дастгирии молии кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки аксаран бонувонанд, аз ҳисоби маблағҳои барои шаҳри пойтахт  пешбинигардида 4 миллиону 719 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин далели ба қадри меҳнати ин бонувон расидан аст, ки дар поккории пойтахт саҳми назаррас доранд.

               Айни замон дар шаҳри Душанбе 396 ҳазору  600 нафар  бонувон фаъолият доранд, ки  аз онҳо 110 нафар хизматчиёни давлатӣ буда, 28 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Аз ҳисоби занон  29 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, 58 нафар вакили Маҷлиси вакилони ноҳияҳои пойтахт буда, 1698 нафар бонувон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Илова бар ин, дар соҳаи тандурустӣ 6845 нафар, соҳаи маориф 8137 нафар занону духтарон фаъолият доранд.

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» курси омӯзишии «Духтарони сарвар»-ро барои зиёда аз 80 нафар донишҷӯдухтарони муассисаҳои таълимии олии  мамлакат баргузор намуд. Ҳадафи  он, пеш аз ҳама, омода намудани ҷавондухтарон дар риштаи сиёсату ҳуқуқ мебошад.

Ҳамзамон соли равон  дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» миёни ҷавондухтарон ва занон баргузор шуд.

Ба курси  мазкур  40 нафар ҷавондухтарон аз оилаҳои ниёзманди   ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷалб гардиданд. Онҳо аз ҷониби ҳунармандони чирадаст ҳунарҳои дўзандагӣ ва попурдўзиро аз худ намуда, соҳиби  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи касбӣ гардиданд.

Албатта, пойтахт симои миллат аст ва он бояд аз ҳар нигоҳ зебову дилрабо ва фаъолияту зиндагӣ кардан  низ дар ин шаҳр  барои ҳар нафар  мояи  ифтихор бошад. Фаъолбонувони пойтахт дар ҳамаи зинаҳо аҳлона ва содиқона фаъолият   доранд.

Бояд  махсус таъкид намоям, ки  рафтору гуфтор ва андешаронии бонувони пойтахт бояд барои дигар занони шаҳру навоҳии мамлакат намунаи ибрат бошад.

Дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ноустувори ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо мақсади тақвияти  пояҳои Истиқлолияти  давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ,  мо бонувон вазифадорем, ки пеш аз ҳама, фарзандонро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, ифтихор аз давлатдории навини худ, ҳимояи марзу буми Ватан, аз худ намудани донишҳои муосир ба камол расонем. Дар сурати анҷом додани ин хислатҳои наҷиби инсонӣ дар ниҳоди фарзандон онҳо дар оянда номбардори давлату миллати худ мегарданд. Модарони тоҷик садҳо фарзандони баору номус ва хештаншинос ба воя расондаанд, ки барои муаррифии Тоҷикистони азиз пайваста талош меварзанд ва дар оянда низ ин рисолати худро сарбаландона ба ҷо меоранд.

Умедворам, ки занону бонувони мо ҳамеша дар татбиқи ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати мамлакат ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирона қадамҳои устувор мемонанд ва чун пештара дар сафи парчамбардорони ҷонфидои ин миллати шарафманд боқӣ мемонанд!

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.