Нархи билетҳои парвозҳои чартерӣ тахминан ду баробар кам шуд, вале ҳамоно баланд боқӣ мемонанд

Баъди талаби Агентии авиатсияи граждании Тоҷикиcтон чаҳор ширкати ҳавоии русӣ нархи билети парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистонро ҳудудан 50 фойиз арзон карданд. Вале нархи кунунӣ ҳам, ки ҳудуди 8,5  ҳазор сомониро ташкил медиҳад, талабгорони сафар ба Русияро қонеъ намекунад. Онҳо мегӯянд,  ин нарх нисбати  давраи пеш аз хуруҷи COVID-19  ду баробар баландтар буда, онҳо тавони харидории билетҳоро надоранд. Мушкили дигар набуди билет ба хатсайрҳои ҳафтаҳои наздик мебошад, чун билетфурӯшиҳо мегӯянд, ки билетҳо барои ду моҳи наздик пурра фурӯхта шудаанд.

Аз 14-уми апрел мақомоти рус иҷозат доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи кишварҳои сеюм ба Русия сафар кунанд. Айни замон, сафорати Русия дар Душанбе таъкид мекунад, мусофирон бояд пеш аз сафар ба Русия тавассути  кишварҳои сеюм, талаботи санитариву маъмурии сафари ин кишварҳоро омӯзанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.