Нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст

Тибқи ҳисобҳои  Кумитаи омори Тоҷикистон, дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар кишвар 12,5 фойиз баланд рафтааст. Болоравии арзиши маҳсулоти ғайриозуқа беш аз 5 фоийз будааст. Ба ҳамин тартиб аз моҳи январ то ноябри имсол дар бозорҳои Тоҷикистон, нархи шакар беш аз 41 дарсад, равған зиёда аз 35 фоийз, тухм 19,3 дарсад, картошка каме беш аз 20 фойиз, гӯшт 6,2 дарсад ва маҳсулоти нонӣ наздики 16 фойиз баланд шудааст. Дар ҳамин ҳол аз маҳсулоти ғайриозуқа қимати ангишт наздики 13 дарсад ва гази моеъ беш аз 5 фойиз боло рафтааст. Мақомоти кишвар мегӯянд, ҳамвора бо ташкили ярмаркаҳои фурӯши маводи хӯрокворӣ маҳсулоти  бо нархи нисбатан арзон  аз бозорҳо ба аҳолӣ пешниҳод мешавад.  Дар ин намоишгоҳҳо ба гуфтаи масъулин нарх то 10-15 дар сад арзонтар аст. Сокинон мегӯянд, чунин гӯшаҳо на дар ҳама  бозорҳо ва на дар ҳамаи минтақаҳо фаъол аст ва биноан ҳамаро фаро намегирад. 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.