Нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахти Қирғизистон боло бурда шуд

Маҷлиси шаҳрии Бишкек 28-уми сентябр дар иҷлосияи навбатии худ тасмим гирифт, ки нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр боло бурда шавад.

Бар асоси қарори қабулшуда, аз 1-уми ноябри соли равон нархи роҳкиро дар автобусу тролейбус 11 сом, дар таксӣ ва микроавтобусҳо 11 сом хоҳад шуд. Аз 36 вакили маҷлиси шаҳр 33 нафар ҷонибдорӣ кардаанд, ки нархи роҳкиро боло бурда шавад.

Тавре муовини шаҳрдори Бишкек Талайбек Орозов изҳор дошт, дар Қирғизистон арзиши сӯзишвории дизелӣ ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёт гарон шуда, зарурати боло бурдани нархи роҳкироро ба миён овардааст.

Ҳоло нархи роҳкиро дар автобусу тролейбусҳои шаҳри Бишкек 8 сом ва дар таксию микроавтобусҳо 10 сом аст.

Нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахти Қирғизистон бори охир соли 2012 боло бурда шуда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.