Наришкин: Мо аз «талошҳои махфӣ»-и ҷой додан ба нерӯҳои Амрико дар Осиёи Марказӣ огоҳем

Русия изҳорир умедворӣ кардааст, ки ҳампаймонҳои он дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) пойгоҳҳои Амрикоро барои баровардани нерӯҳояш аз Афғонистон дар қаламрави худ ҷой нахоҳанд дод. Ин нуктаро сардори Хадамоти кашфи хориҷии Русия Сергей Наришкин рӯзи 19 май дар суҳбат бо Шабакаи аввали телевизиони Русия баён дошт. “Рушан аст, ки бо тасмими баровардани нерӯҳо аз Афғонистон, ИМА омода нахоҳад буд, назоратро ба ин минтақа аз даст диҳад ва мақсад дорад, ба камияш қисме аз ин нерӯҳоро, ки ҳоло дар Афғонистон дорад, дар кишварҳои ҳамсоя бо он ҷойгир кунад,” гуфт Наришкин ва афзуд, ки дар бораи гуфтушунидҳои пинҳонӣ ва кӯшишҳои роҳ додани нерӯҳои Амрико дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маълумот дорад. Вай изҳори умедвории зиёд кард, ки кишварҳои узви СПАД ҳамчун ҳампаймони Русия ба чунин иқдом роҳ нахоҳанд дод. Дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД буда, Ӯзбекистон солҳо пеш аз узвият дар ин ниҳод даст кашида, ахиран ҳамчун нозир пазируфта шудааст. Дар бораи гуфтушуниди ИМА бо ин кишварҳо маълумоте расонаӣ нашудааст. Танҳо нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба мансабдорони низомии амрикоӣ навишт, ки Иёлоти Муттаҳида интиқоли нерӯҳо ва лавозимоти ҷангиашро аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик баррасӣ мекунад. Нашрия менависад, интиқоли низомиён, ҷангандаҳои бесарнишин, бомбафканҳо ва таъсиси пойгоҳи низомӣ дар минтақа, ба бовари низомиёни амрикоӣ, имкон медиҳад, баъд аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон аз ҷанги эҳтимолии Толибон пешгирӣ карда шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.