Нашри фарҳанги забони шуғнонӣ бо се забон

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Чанде пеш барои бори нахуст дар илми забоншиносии тоҷик китоби “Фарҳанги шуғнонӣ- тоҷикӣ- русӣ- англисӣ”,  мунташир гардид.

  • Дар ин бора корбари Фейсбук Расо Аламшоев хабар додааст.
  • Китоб ба қалами падару писар, забоншиноси пурмаҳсул ва шинохта, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муқобилшо Аламшоев ва номзади илмҳои филологӣ Шервоншо Аламшоев тааллуқ дорад.
  • Гуфта мешавад, ки китоб барои илми забоншиносӣ аз аҳамияти вежа бархурдор буда, аз се ҷилди ҳар кадом дорои 500 саҳифа иборат аст ва дар он ҳудуди 30 ҳазор калима ва ибора бо забонҳои шуғнонӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шарҳу тафсир шудаанд.
  • Ёдовар мешавем, ки қаблан аз ҷониби ин пажӯҳишгарон китоби ” Сарфу наҳви забони шуғнонӣ ( бо забони шуғнонӣ)”  барои омӯзиш дар синфҳои ибтидоии макотиб ва худомӯзӣ  рӯйи чоп омад.
  • Забони шуғнонӣ аз ҷумлаи забонҳои помирӣ буда, ба зергурӯҳи забонҳои эронӣ тааллуқ дорад. Гӯяндагони ин забон дар минтақаи таърихии Шуғнон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон зиндагӣ мекунанд.
  • Хотиррасон мекунем, ки соли 2017 ЮНЕСКО забони яғнобӣ ва забонҳои помириро ба рӯйхати забонҳои зери хатари нобудӣ қарор дошта шомил намуд ва аз мақомоти Тоҷикистон даъват намуд, ки онҳо зери ҳимояи давлат гирифта шаванд.

The post Нашри фарҳанги забони шуғнонӣ бо се забон appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.