Нашри нахустин маҷмӯаи шеърҳои шоъир Иззатманд Саломиён

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд нахустин маҷмуаи шеърҳои Иззматманд Саломиён таҳти унвони “Қафаси санг” ба наш расид. 
  • Маҷмуаро нашриёти “Ношир”  бо  сарсухани Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ чоп кардааст, ки баёнгӯи сатҳи баланди ашъор мебошад.

  • Шоъир Фарзона дар сарсухани китоб навиштааст, ки  “Забони шеъри Иззатманд нобу шодобу мубаррову мусаффост, забонест, ки бо равоиши латифи калимоташ, бо каррашмаҳои зебои ҳуруфаш, бо зарбу зарабони хушсавти овозаш дилҳоро рўшаниву ромишу саодат мебахшад. Забони шеъри ў, ки ҳолу ҳавои мўҳташами осори ниёгонро ҳифз кардааст, басе имрўзиву кунунист:

        Фақат ба суръати мижгон задан ба сурати ту,

        Дар ин фазои маҷозӣ ниҳам ҳазорон лайк.

Мо низ бидуни маҷозу истиора ба ашъори ў муҳри лайк мезанем. Хосса, ба он қисмати шеъраш, ки фарёдномаи як дили адолатхоҳ аст, бонги имони инсоният, ки рўҳаш ҳамеша аз зулмату

залолату олудагиҳои замона ба қаламрави афифи озодаву озодагиву сафо руҷӯъ мекунад”.

  • Ашъори зерин аз китоби “Қафаси танг” мебошанд:
Як катиба бар дари дорул-улум,
Ҳикмате бо сабки Мавлонои Рум:
“Марги як миллат ҳамедонед чист?
Огаҳӣ доред к-андар дасти кист?
Не ба зури бомбҳои пуртавон,
Не ба ханҷар, не ба заҳру не камон.
Кофӣ он бошад ки шогирдони он.
Бо тақаллубҳо супорад имтиҳон.
Аз чунин меъморҳои кунду хом.
Бегумон резад фурӯ девору бом.
Чун табиб на дору донад не даво,
Ҳеч беморе намеёбад шифо.
Чаламулло чун надонад кори дин.
Сӯйи дӯзах мебарад, миллат, яқин.
Бехабар аз умқи илми иқтисод.
Аблаҳона медиҳад хирман ба бод.
Дар умури рушди давлат камхирад.
“Ҳиссаи”нангини худро мениҳад.
Марги миллатро яқин санҷидаанд.
Дар суқути сатҳи дониш дидаанд.
“Самарқанд”
Эй Самарқанд туро, хоки туро
Дару девори бар афлоки туро
Ошкоро ҳама ҷо мегуям:
Ба муҳабат ба вафо мебуям
Нақши пойи писарам нест агар
Изи дасти падарам ҳаст ҳануз
Меҳмон аст агар ҳолати ман
Руҳи бобом муқим аст ҳануз
Қад қади кучаву паскучаи ту
Ман ҷавонии падар меҷуям
Аз хату нақши дари Регистон
Ман зи бобом асар меҷуям
Аз Шаҳизиндаву ҳар мақбаре
Асар аз гумшудагон мепуям
Он чи аз ман наситонад таърих
Хотирот аст. ҳамон меҷуям.
(шаҳри Алмаато.27.11.2018) 
“Эҳдо ба падарон”
Пеши чашми ҳама тифлон- падарон,
Сурату сиккаи Рустам доранд:
– Дӯстон шод зи сарпанҷаи ӯ,
Душманонаш ҳама мотам доранд.
Қахрамонии падар дар ҳама ҷост:
-Ғолиби маъракаи деви сиёҳ,
Халқро пушту паноҳ …
Пеши чашми ҳама тифлони ҷаҳон,
Падаронанд ба ҳиммат Ҳотам.
Падаронанд ба ҳикмат Луқмон….
Дар сухан Рӯдакию Нодирҳо,
Дар садо Борбаду Зоҳирҳо…
Падари хуб будан осон нест,
Нағзу маҳбуб будан осон нест.
Чашми хушбини падар дар писарон,
Чеҳраи Юсуфи сонӣ бинад.
Гар хате сабт шавад дар варақе,
Ҳунару санъати Монӣ бинад.
Духтарон Марями Азро ба хисол,
Чун Зулайхо ба ҷамол….
Падаронанд, ки дар қомати тифл,
Дар дами пирӣ асо мебинанд.
Падари хуб будан осон нест,
Нағзу маҳбуб будан осон нест..
Мисли як тифли дабистонии хурд,
Ҳама дам мунтазири таҳсин аст.
Холӣ аз кибру пур аз тамкин аст,
Гар писар худ падар аст медонад:
Падари хуб будан осон нест,
Нағзу маҳбуб будан осон нест.
(Душанбе, 30.11 2015)
“Навруз”
Ман эҳсони худоям…
Шаҳсавори бодҳои масти атрогин
Зи бурҷи давлати хуршед меоям
Раҳораҳ мефишонам турраи мушкин
Ман андар захмаи чангу дафу най
Ва андар нағмаи мурғони фаррухпай
Ба кафши сабзи пойи хаймаи саҳро
Ба кафки асбҳои обии дарё
Ман аз устураи Ҷамшед меоям
Ба сад умед меоям.
Гаҳе бар сар палоси чатри ҷангалҳо
Зи чашми лашкари барги дарахтон об хоҳам рехт
Ба ашки шодии боми фалак бар решаи гулҳо
Шабонгаҳ баъди борон партави маҳтоб хоҳам рехт
Як олам ранг дорам
Бо пари товус меоям
Ғуруре аз Нишопур ҳикмате аз Тус меоям
Ба умри шаш ҳазору чанду бо руйи ҷавону сабз
Ба тобу ормони сабз
Нигоҳам сабз,роҳам сабз,набзам сабз меоям
Ниҳоят”сабз андар сабз” меоям….
  • Иззатманд Саломиён (Саломов Иззатманд Давлатмандович) соли 1960 дар деҳаи Вскроғи ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 19-и деҳаро бо баҳои аъло хатм карда, соли 1977 ба факултаи шарқшиносии ДДТ ба номи Ленин дохил шудааст. Як дафъа дар давраи донишҷӯӣ ва баъдан пас аз хатми донишгоҳ дар кишварҳои арабии Сурия ва Либия тарҷумонӣ кардааст. Сипас дар нашриёти “Ирфон” ба ҳайси муҳаррир кор карда, соли 1988 барои кор ба Кумитаи радио ва телевизион даъват гардида, дар ин даргоҳ то соли 1997 ба ҳайси сардабири барномаҳои фароғатӣ, мусиқӣ ва адабӣ фаъолият дошт. Баъдан, тӯли 12 сол роҳбарии дафтари “Интернюс” дар Тоҷикистонро ба зимма дошт. Чанд соли ахир ба симмати мураббӣ ва тарҷумон фаъолияти мустақилона дорад.

The post Нашри нахустин маҷмӯаи шеърҳои шоъир Иззатманд Саломиён appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.