Нашрияи «Тоҷикистон” Абӯнасири Форобиро турк хонду ба вокунишҳои ҷомеа посух надод

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нашрияи ҷамъиятиву сиёсии марбут ба холдинги “Оила”, ки моликияти Шарифи Ҳамдампур яке аз бозигарони асосии бозори расонаҳо дар Тоҷикистон аст, дар ин шумораи худ, бидуни ироаи ҳеч бурҳону далели илмӣ Абӯнасри Форобиро турк номидаааст, ки вокуниши зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. МедиаМаркер ин матлабро мавриди нақди расонаӣ қарор дод.

  • Дар ин матлаб дар робита ба тааллуқоти нажодии Форобӣ чунин омадааст: “Ӯ аз табақаи имтиёздори туркҳо аст, дар ин бобат вожаии “тархон” дар таркиби номи пуррааш шаҳодат медиҳад: Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағ ал-Форобӣ ат-Туркӣ”, ки ҳақиқати илмиву таърихӣ надорад.
  • Баҳси турк хондани Форобӣ, ки бештар Қазоқистон онро доғ мекунад ва аз пешгузаштагони мардуми қазоқ муаррифӣ мекунад, баҳси тозае дар доираҳои илмиву сиёсӣ ва идеологӣ нест, аммо огоҳона ва бар хилофи адолати илмиву таърихӣ доғ кардани он аз сӯйи нашрияи “Тоҷикистон” шубҳаовар ба назар мерасад.
  • Матлаби  мазкур бе имзо (бе дарҷи номи муаллиф) нашр шудааст, ки маъмулан аз матлаби идораи нашрия будани он дарак диҳад, аммо чун ҳайати таҳририяи нашрия одамони таҳсилдида мебошанду аз турк набудани Форобӣ огоҳӣ доранд, шеваи роҳ ёфтани ин мақола ба шумора номафҳум мемонад.
  • Нашри ин матлаб хилофи банди 2-и моддаи 6 қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” – Воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд) ва банди 1-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон – “Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон  – усули (принсипи) фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошанд. ВАО ва журналистон бо ин усул обрӯ ва эътибори матбуотро ҳифз мекунанд” мебошад.
  • Ин матлаб ҳамчунин мухолиф ба изҳороти нашркардаи сайти ин нашрия  аз номи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.
  • Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки “Ҳодисаи нисбат додани арзишҳои адабӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии мо, тоҷикон ва гузаштагонамон ба қавму халқҳо ва кишварҳои дигар солҳои охир сар нашудааст. Ин падидаи номатлуб пешинаи дерина дорад. Нисбат додани арзишҳои миллӣ (адабӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ) дар даврони Шӯравӣ ҳамзамон бо тақсимоти ҳудудҳои миллӣ ё ба истилоҳ «табартақсим»-и онҳо дар солҳои 20-30 асри гузашта оғоз гардида буд. Дар натиҷа бисёр арзишҳои маънавӣ ва моддии мо дар ҳудудҳои сиёсию маъмурии кунунии халқҳову кишварҳои ҳамсоя монданд. Ин раванд дар давраҳои баъдӣ низ, вақте ки омӯзиши мероси гузашта дар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ба таври ҷудогона оғоз гардид, идома ёфт. Ва алалхусус дар солҳои 90, дар арафаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз он, замоне, ки ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ соҳиби истиқлоли сиёсӣ шуданд ва алалхусус дар рӯзгори мо доманаи рушди бештар пайдо кард ва ба авҷи худ расид. Агар дар замони Шӯравӣ як таносуб ва тавозуни нисбии қарордодие дар байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ риоя мешуд, ҳоло ҳеҷ кишвару миллате ба он аслан эътиборе намедиҳад. Бинобар ин, онҳо ҳар меросеро, ки дилашон мехоҳад, ё аз они худ эълон менамоянд ва ё бо зӯрӣ ғасб мекунанд. Мавҷуд будан ва густариш ёфтани ҳодисаи номатлуби интисоби арзишҳои миллӣ сабабҳои зиёде дорад. Аммо сабаби асосиаш, ба назари мо, он аст, ки то ҳол меъёрҳои усулӣ ва илмии интисоби арзишҳои миллӣ ба ин ё он миллат ва кишвар на дар сатҳи минтақа ва на дар сатҳи байналмилалӣ муайян ва муқаррар нашудаанд”.
  • Сармуҳаррири нашрия Шарифи Ҳамдампур, ки дар соли ба Эмомалӣ Раҳмон додани унвони “Пешвои миллат” нашрияи “Тоҷикистон”-ро пайрави мактабу сиёсат ва хатти маши “Пешвои миллат” номида буд, бар хилофи овардаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар китобҳояш, Форобиро турк хондааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ду китобаш “Тоҷикон дар оионаи таърих” ва “Чеҳраҳои мондагор” Форобиро фарзанди барӯманди халқи тоҷик мегӯяд.
  • Дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатҳои ошкору алании корбарону донишмандон ба номи сардабир ва соҳибимтиёзи “Тоҷикистон” Шарифи Ҳамдампур ва муҳаррири нашрия Одил Нозир то кунун бепосух монда, баҳсҳои шадиде давом дорад.
  • Ба иддиои онҳо ин матлаби “Тоҷикистон”, ки ба эҳтимоли зиёд як матлаби таблиғотии Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон аст, ки ба таблиғотӣ будани он ҳам ишора нашудааст, зеро нашрия  матлабҳои таблиғотии Сафорати Қазоқистонро сари чанд вақт нашр мекунад.
  • Ин рӯйкарди масъулони нашрия хилофи меъёрҳои рӯзноманигорӣ, аз ҷумла банди 15-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон ва беэҳтиромӣ ба хонандаву ҷомеи Тоҷикистон аст.
  • Як масъули нашрияи “Тоҷикистон”  дар посух ба дархости  МедиаМаркер гуфт, ки дертар ба ҳама саволҳо посух хоҳанд гуфт. Бо дастрас шудани назар ё баёнияи масъулини расона мо онро нашр хоҳем кард.

MediaMarker

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.