Насрониёни ҷаҳон Иди Фусҳоро таҷлил мекунанд

Соли дуввум аст, ки насрониҳои правсолав дар ҷаҳон Иди Фусҳоро дар шароити пандемияи коронавирус таҷлил мекунанд. Кирил – усқуфи аъзами Русия, рӯзи 2 -уми май ҳангоми ниёиш изҳори умедворӣ кард, ки коронавируси навро нобуд мекунанд ва пандемия поён меёбад.

Бисёре аз мардум, ки дар Калисои ҷомеи Масеҳи ноҷӣ дар Маскав ҷамъ омада буданд, ниқоб доштанд.  Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки ниқоби тиббӣ напӯшида буд. Владимир Путин бо нашри як баёния, ба калисои кишвараш изҳори сипос кард, ки дар “фурӯ нишондани мушкилоти иҷтимоӣ” ва тарғиби суннатҳои оилавӣ мусоидат мекунад.

Иди Фусҳоро ҳамчунин дар Байтулмуқаддас ва дар Қоҳира таҷлил карданд, ки онҷо қибтиҳои масеҳӣ зиёданд. Попи қибтиҳо Тавардоси II дар паёми идонааш гуфт: “Мо барои сиҳатии кормандони тиббӣ дуо мекунем, ки дар ҷабҳаи аввали муқобила бо ин пандемия қарор доранд.”

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.