Настя Радзинскаяи 6-сола аз конолаш дар Ютуб 18,5 млн. доллар даромад ба даст овардааст

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

 Настя Радзинская дар феҳристи сердаромадтарин  ситораҳои  YouTube мақоми ҳафтумро ба даст овардааст.

  • Ба иттилоъи маҷаллаи Forbes  ин кӯдаки русиягӣ соли ҷорӣ  18, 5 миллион доллари ИМА даромад доштааст.  Соли гузашта Настя дар ин руйхат мақоми сеюмро ишғол мекард.  Даромади ӯ он соли  18 миллион долларро ташкил додааст.
  •  Настя Радзинская  6 сол дошта, қаҳрамони коноли бачагонаи Like Nastya  мебошад, ки тақрибан 65,8 миллион ҳамванд дорад. Дар ин конол аслан сайру сайёҳати Настя бо наздиконаш дар поркҳои тафреҳии саросари дунё нашр мешаванд.
  • Соли ҷорӣ ӯ дар  TikTok ва  YouTube cаҳфаҳои нав таҳия карда, шумораи умумии муштариёнашро то 190,6 миллион нафар афзун додааст. Шумораи умумии тамошои наворҳои ӯ 39 миллиардро ташкил медиҳад.
  • Настя Радзинская дар Краснодари Русия таваллуд шудааст ва аз соли гузашта бо волидонаш дар Флоридаи ИМА зиндагӣ мекунад. Таъкид бояд кард, ки барои Настя ин ҳама хушнудӣ нест, балки як зарурати ҳаётӣ мебошад, зеро  вай бо фалаҷи майнаи навзод таваллуд шудааст ва волидонаш видеоблог таъсис додаанд, то пешрафти табобатро пайгирӣ кунанд.
  • Дар феҳристи Forbes мақоми аввалро Райян Каҷи бо 29, 5 миллион доллар ва мақоми дуюмро Ҷими Доналдсун бо 24 млн.даромади солона касб кардаанд.
  • Мавриди зикр аст, ки машҳуртарин зодаи Тоҷикистон дар Инстаграмм (5,8 млн ҳамванд) ва акнун TikTok (бо 16, 4 млн. ҳамванд ) Дина Саева мебошад, ки пештар худро “Мадина Басаева”  муаррифӣ мекард. Расонаҳо дар бораи даромади солонаи ӯ маълумоти гуногун меоранд.

The post Настя Радзинскаяи 6-сола аз конолаш дар Ютуб 18,5 млн. доллар даромад ба даст овардааст appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.