Натиҷаҳои экзит-поли Руминия аз пирӯзии Ҳизби миллии либералии нахуствазир гувоҳӣ медиҳад

Ҳизби ҳокими марказгаро бо номи Ҳизби миллии либералии Руминия иддао кард, ки дар интихоботи маҳаллии ин кишвари аврупоӣ пирӯз шудааст. Дар ин бора натиҷаҳои экзит-пол ё натиҷаҳои овоздиҳии ҳамзамони баъдиинтихоботии рӯзи 27-уми сентябр гувоҳӣ медиҳад. Дар интихоботи рӯзи якшанбе 19 миллион шаҳрванди қобили раъйи Руминия  43 ҳазор мақомдорони ҳукуматҳои маҳаллии кишварро интихоб карданд. Нахуствазир Людовик Орбан  интихоботи гузаштаро “пирӯзии тоза” дар муқобили сотсиал-демократҳои рақибашон номид.  Агар натиҷаҳои назархоҳӣ дуруст бошад, пас барои сотсиал-демократҳо, ки аз соли 2008 бартарӣ доштанд, аз даст додани Бухарест як шикасти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин овоздиҳӣ математик ва фаъоли ҷамъиятӣ Никусор Дан аз шаҳрдор Габриэла Фиреа пеш гузашт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.