Натиҷаҳои ниҳоии интихобот эълон шуд. КМИРТ гуфт, шаҳодатномаи президентро ба Раҳмон диҳанд

Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябр натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентиро эълон кард ва Эмомалӣ Раҳмонро дигарбора раиси ҷумҳури интихобшуда ҳисобид.

Бино ба қарори КМИРТ, дар интихоботи 11-уми октябр 4 миллиону 238 ҳазору 839 нафар иштирок карда, беш аз 90 дарсади онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кардаанд.

Бо ин ҳол, натиҷаҳои интихобот гуруҳеро норозӣ гузошт, чун ба бовари онҳо, интихобот бо тақаллуб олуда буд ва бе рақобати воқеӣ гузашт.

КМИРТ мегӯяд, ба ҷонибдорӣ аз

Мироҷ Абдуллов, номзади коммунистҳо, 49 535 нафар (1,17%);

Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалист 63 082 нафар (1,49%);

Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ 128 182 нафар (3,02%);

Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 90 918 нафар (2,14%) раъй додаанд.

“Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаи ниҳоии интихобот бо гирифтани 3 миллиону 853 ҳазору 987 овоз (90,92%) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида шавад”, – гуфта шудааст дар қарори КМИРТ.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Кумисюни марказии интихобот қарор кардааст, ки ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро супоранд.

Нозирони интихоботӣ аз кишварҳои дӯст бо Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои муштаркулманофеъ мисли солҳои пешина гуфтаанд, ки интихобот бе қонуншиканиҳои ҷиддӣ сурат гирифт. Қарор аст, гуруҳи хурди коршиносони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар ҳашт ҳафтаи оянда гузориши худро дар бораи интихобот нашр кунанд. Нозирони ғарбӣ дар гузашта гуфтаанд, ки ҳеч яке аз интихоботҳои Тоҷикистон шаффофу холисона ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд.

Мухолифони ҳукумат, аз ҷумла Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихобот ширкат накарданд. Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизб, рӯзи 12-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “интихобот ғайриқонуниву ғайриконститутсионӣ ташкил шудааст. Натиҷаҳои ин интихоботро ба инобат гирифтан, ин худ зидди қонун аст.”

Дар вокуниш ба натиҷаҳои интихобот, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи созмонҳои мухолиф рӯзи 12-уми октябр дар як паёми видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Паймони миллии Тоҷикистон пештар ҳам интихоботро ғайриқонунӣ эълон карда буд ва натиҷаҳои эълоншуда бори дигар нишон дод, ки он на танҳо ғайриқонунӣ, балки ғайридемократӣ ҳам ҳаст.”

Сӯҳроби Зафар, раҳбари созмони “Гурӯҳи 24” гуфт, ки онҳо натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро қабул надоранд, зеро онро ғайриқонунӣ мешуморанд. Ӯ дар як паёми видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мавқеи онҳо баъди соли 2016 аз замони эълони Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат тағйир наёфтааст.

Президент дар Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва номзади пирӯз ҳақ дорад, ду бор пайиҳам дар интихобот иштирок кунад. Бар асоси тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид карда шуд, Эмомалӣ Раҳмон унвони “Пешвои миллат”-ро гирифт ва ҳақ дорад, бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ ширкат кунад. 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.