Натиҷаҳои пешакӣ: ба порлумони Қазоқистон се ҳизб роҳ меёбад

Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қазоқистон (КМИР) рӯзи 11-уми январ натиҷаҳои аввалияи интихоботи порлумони ин кишварро эълом кард.

Ба огаҳии КМИР, Ҳизби ҳокими “Нур Отан” 71,09 дарсад, Ҳизби халқии Қазоқистон 9,10 дарсад, Ҳизби “Оқ жол” 10,95 дарсад, Ҳизби “Ауил” 5,29 дарсад ва Ҳизби “Адал” 3,57 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд.

Ҳаминтариқ раъйи зарурӣ (7%) барои ворид шудан ба порлумони Қазоқистонро се ҳизб – “Нур Отан”, Ҳизби халқии Қазоқистон ва Ҳизби “Оқ жол” касб кардааст.

Дар Қазоқистон рӯзи 10-уми январ интихоботи вакилони маҷлис, палатаи поёнии порлумони он кишвар баргузор шуд. Дар он ягон ҳизби мухолиф иштирок накард. Бештари фаъолони маданӣ ва сиёсатшиносон ин интихоботи Қазоқистонро ноодилона ва ғайрирақобатпазир номиданд. Ба гуфтаи шоҳидон, интихобот бо қонуншиканиҳои зиёд баргузор шуда, нозирони мустақилро ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ роҳ надоданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.