Навалний ба ҳуш омад

Табибони беморхонаи “Шарите”-и шаҳри Берлин шоми 7-уми сентябр гуфтанд, ки саломатии раҳбари мухолифон Алексей Навалний хеле беҳтар шудааст. Ба иттилои табибон, ӯро аз ҳолати кома ё беҳушии маснӯӣ  берун оварда тадбирҳоеро барои тадриҷан аз дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ҷудо кардани ӯро роҳандозӣ кардаанд. Хабар медиҳанд, ки  Навалний ба сӯҳбатҳои онҳо кам-кам вокуниш мекунад. Табибон гуфтанд, ки эҳтимол дорад заҳролудшавии ӯ ба саломатиаш таъсири дарозмуддат хоҳад дошт. Навалний аз 20-уми август – 19 рӯзи охир дар ҳолати кома буд. Ӯро аз як беморхонаи шаҳри Омски Русия ба Берлин интиқол доданд. Ӯро баъди он ба беморхонаи Омск интиқол доданд, ки худро ҳангоми парвоз аз Сибир ба Маскав бад ҳис кард ва ҳавопаймо нишасти изтирорие анҷом дод.

Ҳафтаи гузашта табибони олмонӣ гуфтанд, ки дар ҷисми Навалний нишонаҳои заҳри низомии навъи “Новичок” ошкор шуд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз Маскав даъват кард, ки ҳодисаи бо Навалний рухдодаро таҳқиқ бикунад. Мақомоти Русия бо такя ба хулосаҳои табибони беморхонаи Омск ба заҳролудшавии ӯ бо шубҳа менигаранд. Дар Русия ҳеҷ як парвандаи ҷиноие дар ин замина боз нашудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.