Навалний дар эътироз ба дарёфт накардани кӯмаки тиббӣ гуруснанишинӣ эълон кард

Алексей Навалний, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Русия рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми март дар эътироз ба маҳрум карданаш аз хадамоти тиббӣ, гуруснанишӣ эълон кард. Ӯ ҳафтаи гузашта эълон карда буд, ки аз дарди сахт дар камар ва пойҳояш ранҷ мебарад.

Ба гуфтаи Алексей Навалний, кормандони зиндон давоми шаб ҳар соат ӯро аз хоб бедор мекунанд ва раҳбарияти зиндон то ҳанӯз ба дархостҳо барои дарёфти кӯмакҳои тиббӣ посух надодааст.

Ин раҳбари мухолифони ҳукумати Русия дар як нома ба раиси зиндон, ки рӯзи чаҳоршанбе аз сӯи ҳамкоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфтааст, ки ба талабҳои пайвастаи ӯ барои муоина тавассути табиби мавриди назараш ва дарёфти доруҳои муносиб, ҳеҷ таваҷҷуҳе нашудааст.

Ӯ дар бахше аз ин нома навиштааст, “ман воқеан ба як табиб ниёз дорам. Ҳар зиндонӣ тибқи қонун метавонад дархост кунад, ки табиби мутахассис ӯро муоина кунад. Ҳатто ман, ки бегуноҳ ҳастам, чунин ҳаққе дорам. Мехоҳам ба як табиб иҷоза дода шавад манро муоина кунад ва эълон мекунам, ки то вақте ин дархост иҷро нашавад, гуруснанишинӣ хоҳам кард”.

Масъулини зиндон то кунун ба гуруснанишинии Навалний вокунише нишон надодаанд. Ин зиндон дар 100-километрии шарқи Маскав қарор дорад. Мақомоти ин зиндон ҳафтаи гузашта пас аз муоинаи Навалний эълон карданд, ки вазъи саломатии Навалний “ризоятбахш” аст.

Раёсати ҷумҳури Русия ҳам дар ин робита ибрози назара накарда ва гуфтааст, ки ин масъала дар салоҳияти Идораи зиндонҳои он кишвар аст.

Гурӯҳе аз кормандони хадамоти дармонии Русия якшанбе бо нашри як номаи боз хостори ироаи хадамоти тиббии муносиб ба Алексей Навалний шуданд. Онҳо дар бахше аз ин нома навиштанд, “мо нигарони саломатии ӯ ҳастем. Раҳо кардани бемор дар чунин шароите мумкин аст ба осебҳои ҷуброннопазир сабаб шавад”.

Алексей Навалний мегӯяд, дарди сахт дар камар ибтидо ба пойи рост ва сипас ба пойи чапаш сироят кардааст.

Алексей Навалний, ки августи порсол дар минтақаи Сибир бо сафари корӣ қарор дошт, ҳангоми бозгашт ба Маскав дар дохили ҳавопаймо худро бад ҳис карду беҳуш шуд. Ҳавопаймо дар шаҳри Омск фуруд омад ва ӯро ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд.

Баъди чанд рӯз ӯро ба Олмон интиқол доданд ва дар он ҷо маълум шуд, ки ӯ бо заҳри низомии шӯравии “Новичок” заҳролуд карда шудааст. Баъди бозгашт аз табобат моҳи январ Навалний боздошт ва дар нақзи ҳукми ҳабси шартии соли 2014-и додгоҳ гунаҳгор шуд. Оғози моҳи феврал ӯро ба 2,5 соли зиндон маҳкум карда, ба маҳбас интиқол доданд.

Қабл аз ин дар як филми таҳқиқотӣ Навалний ва тими ӯ собит карданд, ки дар заҳролудкунии ӯ ходимони мушаххаси ФСБ гунаҳгоранд, вале мақомот дар Маскав ин иттиҳомотро рад карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.