Навалний дар расонаҳои тоҷикӣ ва чор усули мубориза зидди ӯ ё намодаш

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

 Дар ВАО ва бахшҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи сиёсатмадори рус Алексей Навалний матолиби зиёд нашр мешавад. МедиаМаркер шуморе аз саҳфаҳоро варақ зад, то теъдоду сифати ин матолибро рушан кунад.

Нақди расонаии МедиаМаркер 40 рӯзи ахир ва 6 расона: “Азия -плюс”, “Озодӣ”, “Ховар”, “Фараж”, “СССР” ва “Тоҷикистон”-ро дар бар гирифт.

“Азия -плюс»: Бознашр & бознашр

Ин расонаи хусусӣ, ки ба Русия ва забони русӣ таваҷҷуҳи хоса дорад, ба мавзуи Навалний ва ҳаводиси атрофи ӯ 20 маротиба дар 40 рӯз руй овардааст.
Матлаби ахирини он “В России в четыре раза увеличены штрафы за неповиновение силовикам” мебошад, ки дар 11 рӯзи моҳи феврал  8- ум матлаби ин расона бо исми Навалний мебошад.
Дар моҳи январ “Азия плюс”  12  мақола дар ин бобат ба нашр расонидааст. Зоҳиран ҳич кадоме аз ин матолиб моли худи расона нестанд, балки бознашр аз расонаҳои мухталафи русзабон мебошанд.
Интихоби расона дар сарлавҳаҳо инъикос ёфтаанд: В России одобрили проект о наказании за вовлечение детей в акции протеста, Центр Москвы перекроют в день акции в поддержку Навального, Роскомнадзор решил оштрафовать соцсети за «вовлечение подростков в противоправную деятельность».
Дар саҳфаи тоҷикии “Азия плюс” дар ин муддат се матлаб нашр шудааст, ки ахиринаш “Навалний шартӣ не, воқеӣ зиндонӣ шуд. Ҳукмро тағйир доданд” 3-юми феврал ба нашр расидааст.
Баръало ба назар мерасад, ки шахси Алексей Навалний барои масъулони ин расона аҳамияти зиёд надорад, ӯро намоди мубориза барои озодиву демокросии бештар намебинанд.
Ҷустуҷӯгари ин расона аз мавҷудияти 170 матлаб дар бойгонии ин расона бо исму насаби Навалний бо забони русӣ ва  16 матлаб ба забони тоҷикӣ дарак медиҳад.
Боиси тазаккур аст, ки “Азия -плюс” рӯзона 25-30 матлаб ва солона чизе бештар аз 10 ҳазор матлаб ба нашр мерасонад. Ин расона худро тиҷорӣ номида, ба ҷомеа ҳисоботи молӣ пешниҳод намекунад.

“Ховар”: нодидагирӣ ва такя ба ТАСС
Ожонси хабарии “Ховар”, ки бо маблағгузорӣ аз будҷаи Тоҷикистон, яъне бо пули андозсупорандагон фаъолият мекунад, дар саҳфаи тоҷикияш ягон матлаб дар бораи Навалний ба нашр нарасонидааст.
Ному насаби Навалний дар ин бахши расона танҳо як маротиба дар матлаби “Диссернет, яъне чӣ? Тадқиқоти хабарнигорони АМИТ «Ховар»” дар соли 2018 ёд шудааст.
Аммо дар бахши русии он 2 матлаб ҷой ёфтааст: “Объявленный в розыск Навальный задержан в аэропорту Шереметьево” ва “Они должны ответить перед законом. Навальный и Невзоров оскорбили участников Великой Отечественной войны”, ки ҳарду ҳам моли ожонси хориҷӣ – ТАСС мебошанд.
Мусаллам аст, ки масъулони “Ховар” Навалнийро як омили зиддидавлатӣ мебинанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин расона низ ба ҷомеа ҳисоботи молӣ пешниҳод намекунад ва аслан ба тарғиботи ҳукумати феълӣ ва шахсиятпарастӣ аз Эмомалӣ Раҳмон машғул мебошад.

“Озодӣ”: Дар маркази таваҷҷуҳ

Бахши тоҷикии Радиои Аврупои озод/Радиои Озодӣ ба ин мавзуъ аз 13 январ бо нашри хабари чорҷумлаии “Навалний гуфт, 17 январ ба Русия меравад” оғоз карда,  дар моҳи 17 рӯзи моҳи январ 66  матлаб дар 11 рӯзи моҳи феврал 23 мақола ба нашр расонидааст. Матлаби охирини расона “Идомаи баҳси ИА ва Маскав атрофи ҳабси Навалний” ном дорад.

 Аксарияти ин матолиб моли бахшҳои гуногуни Радиои Озодӣ ё тарҷумаву бардошт аз расонаҳои мустақил буда, бозтоби мунсифонаи руйдодҳо дар Русия ва ё ҳаводиси зирабти берун аз он мебошанд. Аммо эҳсос мешавад, ки Навалний барои масъулини ин расона намоди мубориза зидди ҳукумати худкома мебошад.

Шояд ҳамин аст, ки ин расона 18 уми январ – рӯзи аввали боздошти Алексей Навалний – дар Маскав дар як рӯз 8 матлаб ба нашр расонидааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар тамоми муддати фаъолияташ бахши тоҷикии радио чизе камтар аз 400 бор аз Навалний ном бурдааст.

 Маврид ба зикр аст, ки солона ин расонаи ғайритиҷоратии амрикоӣ бо харҷи  ҳудуди 2 миллион доллари ИМА тақрибан 14- 15 ҳазор матлаб нашр мекунад.

“Фараж”: Навалний миллатгаро аст
Нашрия дар замони фарогирифтаи таҳқиқ 3 матлаб аз қазия Навалний нашр кардааст, ки ҳар се ҳам моли худи расона мебошанд. Нахустин аз боздошти Навалний дар Маскав ҳикоят мекунаду ахиринаш мусоҳиба бо  “раиси Ҷамъияти минтақавии «Дружба» дар вилояти Новосибирски Федератсияи Русия Сияршоҳ Абдуҷабборов атрофи суханронии роҳбари ҷамъияти ба ном «Паймони миллӣ» Кабирӣ” мебошад.
Дар матлаби ахирӣ Навалний мазаммат шуда, “Путин беҳтарин президент, беҳтарин рохбари давлати Русия аст, ки сиёсати бениҳоят демократӣ дорад” номида шудааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки Русияи аҳди Владимир Путин кишвари худкома шинохта шуда, дар раддабандии ҷаҳонии демокросӣ мақоми пасти 124-умро ишғол мекунад.
Ба назар мерасад, ки шахсияту корномаи Навалний барои сиёсати редаксионии “Фараж” муҳимм нестанд ва онҳо омодаанд матолиби гуногунеро дар бораи ӯ ба нашр расонанд.

“Тоҷикистон”: 0
Сомонаи нашрияи “Тоҷикистон” дар ин муддат дар бораи қазияи Навалний ягон матлаб ба нашр нарасонидааст. Охирин матлаб дар ин мавзуъ “Алексей Навалний мухолифи асосии сиёсати Путинро заҳр доданд” мебошад, ки 20 августи соли 2020 ба нашр расидааст.
Хомӯшии ин расонаи муҳофизакор, ки маъмулан аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад, шубҳаовар ба назар мерасад.

“СССР”: назарияи тавтиа ва бадномкунӣ

Нашрияи “СССР” танҳо расонаи тоҷикист, ки дар баробари Навалний мавзеъгирии ошкоро дошта, онро дар як мақола рӯзи 3-юми феврал баён кардааст.
Дар матлаби “Душмани №1 барои Путин” омадааст, ки  “Имрӯз аксарият ҳайронанд, ки баъди Аксёнов, Немтсов ва дигар рақибони сарсахти ВВП ин нафар аз куҷо пайдо шудааст? Воқеан ҳам, Навалний проекти кист? Ва агар хонанда фикр дорад, ки дар ҷаҳони муосир бидуни проект Шахсиятҳои худрӯй ба таври стихиявӣ пайдо мешаванд, хато мекунад”.

Ин ҳам дар ҳоле, ки расона ҳич далел ё санад барои исботи ин иддио ба хонанда пешниҳод накардааст, балки як қолаби тарғиботии бегонаро такрор кардааст.

Қолаби тарғиботӣ, ки  солҳо боз дар муҳити расонаии русӣ ва ҷаҳонӣ аз ҷониби расонаҳои ҷонибдори Кремлин паҳн мешаваду матолиби зиёди он мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар бойгониҳо ҳифз шудааст.
Ҳадаф аз истифодаи он як фарди номустақил, зери нуфузи Ғарб ва ҳатто “ҷосӯси НАТО” намоиш додани сиёсатмадори мустақил Алексей Навалний мебошад.
Нашрия менависад “Ҳайратбарангез нест, ки Алексейи мо ҳатто ҷойхобу кабинет ва ҳатто мизи хӯрокхӯрии Путинро дар Дрезден пайдо кардаст?! Танҳо ҳамин эпизод кофист, ки бинандаи ҳушманд воқиф шавад:-Паси Навалний СРУ, Ми-6 ва хадамоти махсуси Германия меистад”.
Ҳақиқат он аст, ки расонаҳои мухталиф  ҷои кориву зиндагии Владимир Путин дар Дрезденро пеш аз ин ҳам садҳо маротиба намоиш дода буданд. Аз ҷумла 10 сол пеш “Мавҷи Олмон” дар ин бора гузориши муфассал дода буд.
Бар замми баъди ба ҳам омадани ду Олмон ва шикасти Шуравӣ дар кишварҳое мисли Олмон, Лаҳистон ва ҷумҳуриҳои соҳили Болтик қонунгузории маҳкумкунандаи мероси Шуравӣ қабул шуда, кулли ҳуҷҷатҳои хадамоти махсуси ин кишварҳо ва ҳамкориҳояшон бо КГБ СССР дар маърази ом гузошта шудаанд. Ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки бо онҳо шинос шавад.

Дар ҳамин мақола,  нашрия аз робитаҳои Навалний бо миллигароёни русро ёдовар шуда, миллати ӯро укроинӣ ва ҳатто “хохол” муаррифӣ кардаву заҳролудшавии ӯро аз ҷониби ФСБ  зери шубҳа бурдааст. Навалний ҳич гоҳ таваҷҷуҳашро ба миллигароёни рус дар ҷавонияш радд накардааст. Аммо ҳанӯз дар соли 2013 дар мусоҳиба бо шабакаи “Интер”-и Укроин гуфта буд, ки “шояд решаҳо ва ирсияташ бештар укроинӣ бошанд”, ки аз нигоҳи миллигароёни рус далели “хуни тоза надоштани ӯ” маҳсуб мешавад.
Ҷолиб аст, ки дар ин мақола аз муборизаи густурдаи Навалний ва ФБК бар зидди фасод дар Русия, ки омили аслии сиёсатмардор ва ба қавли нашрия “душмани № 1-и Путин” шудани Навалний ба шумор мераванд, ҳарфе наомадааст. Мушкили аслии ин қазия – худдории мақомоти давлатии Русия аз таҳқиқи заҳролудшавии шаҳрванди ин кишвар бо истифода аз яроқи қатли оми навъи “Новичок” ва боз накардани парвандаи ҷиноятӣ низ дар ин матлаб баррасӣ нашудаанд, ки беғаразона будани онро зери суол бурдааст.

Дар ин мақола дужииттилоъот низ вуҷуд дорад: “Рӯзи 23.01.2021 ба ҳимояаш (ҳимояи Навалний дар назар аст) армияи бузурги скинхедҳо ва натсистони рус баромада, дар тамомии шаҳрҳои бузурги Россия тазоҳурот ва бетартибӣ ташкил карданд”. Ин иддио асос надорад.
Сотсиоложии ширкатдорони тазоҳурот ба пуштибонии Навалний омӯхта шудааст.

Ба назар мерасад, ки дар матлаби “СССР” аз чор усул: бадномкунӣ, муттаҳамсозӣ ба хиёнат, ночиз нишон додани аҳамияти шахсият ва назарияи тавтиа истифода шудааст, ки хоси корзорҳои зидди Навалний дар расонаҳои дигар низ ҳаст.

 Ба ҷои хулоса

 Бозтоби қазияи Алексей Навалний ва ҳаводиси зирабти он дар расонаҳои тоҷикӣ баёнгӯи вазъи воқеъии муҳити расонаии Тоҷикистон мебошад, ки ба талошҳои зиёди ҳукумати худкома нигоҳ накарда, боз мондаасту зери нуфузи омилҳои бегона ва дур аз манофеъи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

The post Навалний дар расонаҳои тоҷикӣ ва чор усули мубориза зидди ӯ ё намодаш appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.