Навалний дар зиндон вазни зиёд партофтааст

Раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний, ки дар зиндон аст, ба қавли ҳамкоронаш, пеш аз эълони гуруснанишинӣ вазни зиёдеро аз даст додааст. Дар изҳороти рӯзи 1-уми апрели  Телеграм-канали тими муттафиқони Навалний гуфта шудааст, ки вақте ӯ ба зиндон интиқол ёфт, 93 кг вазн дошт, вале ҳоло вазнаш 85 кг мебошад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки сабаби асосии ин аз хоб маҳрум кардани ӯ мебошад, чунки дар давоми шаб нозирон ҳашт дафъа омада ӯро аз хоб бедор мекунанд.

Навалний рӯзи 31-уми март гуруснанишинӣ эълон кард ва гуфт, ки ин эътирози ӯ ба маҳрум мондан аз ёрии касбии тиббӣ ва аз хоб маҳрум кардани ӯ мебошад. Ӯ ба мақомоти зиндон ва низоми зиндонҳо аз он шикоят кард, ки беш аз як моҳ мешавад аз дарди миён ва беҳаракат шудани пояш азият мешавад, вале мақомот то ҳол ин сиёсатмадори 44-соларо бо мутахассиси зарурии тиб таъмин накарданд. Табибоне, ки ба онҳо муттафиқони Навалний эътимод доранд, ҳамчунин наметавонанд ба зиндон даромада бо вазъи саломатии ӯ шинос шаванд.

Дар изҳороти Телеграм-канал омадааст, ки “табибон то ҳол наметавонанд барои дидани ӯ иҷозат дарёфт кунанд ва ҳам дар китоби вазъи саломатии ӯ ҳам ҳеҷ шарҳу диагноз ё бемории Навалний навишта нашудааст”. Вале бар ивази ин, ба навиштаи муттафиқонаш, ба зиндон “як таблиғгари бадбахти” Кремлин аз ТВ-и RT омада ӯро сабт кард. Дар изҳороти муттафиқони раҳбари мухолифони омадааст, ки Навалний ӯро давоми 15 дақиқа дар назди зиндониҳои дигар интиқод кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.