Навалний гуфт, ИА бояд олигархҳои атрофи Путинро таҳрим кунад

Мунаққиди Кремл Алексей Навалний ба Иттиҳоди Аврупо ишора кард, ки нисбати олигархҳои русе, ки ба Кремл наздик ҳастанд, аз шеваи қотеътар кор гирифта онҳоро нагузоранд ба хоки ИА ворид шаванд. Навалний, ки баъди анҷоми мӯҳлати табобаташ дар беморхонаи Берлин давраи эҳёгариро дар Олмон пуштисар мекунад, рӯзи 7-уми октябр дар мусоҳиба бо нашрияи маҳаллии Bild гуфт, ки таҳрим алайҳи тамоми кишвар натиҷа намедиҳад. Ӯ гуфт, “муассиртарин роҳ ҷорӣ кардани манъи вуруд ва масдуд кардани дороиҳои шахсиятҳое мебошад, ки аз ин режим фоида мебинанд”. Ӯ гуфт, бояд “олигархҳову мақомоти баландпоя” – наздиктарин афроди атрофи президент Владимир Путин мавриди ҳадаф қарор бигиранд. Навалний гуфт, ки ин афрод “пулҳоро азхуд мекунанд, миллиардҳо долларро медузданд ва рӯзҳои шанбеву якшанбе ба Берлин ё Лондон рафта хонаҳои гарон мехаранду дар кафеҳо вақт мегузаронанд”. Навалний дар ин мусоҳибааш собиқ садри аъзами Олмон Герҳард Шрёдерро ҳамчун шахсе номбар кард, ки манфиатхоҳи таблиғи кори ширкати энержии  Русия аст. Навалний гуфт, вақте шунид, ки Шрёдер гуфтааст, ки дар заминаи заҳролудшавии Навалний “ҳеҷ далеле” дар даст нест, “бисёр нороҳат шуд”. Ӯ гуфт, ки Шрёдер то ба як “бачаи дастёри  Путин паст фаромадааст, ки қотилонро пуштибонӣ мекунад”. Изҳориназарҳои Навалний дар ҳоле садо медиҳад, ки Олмон ва шариконаш дар андешаи ҷорӣ кардани тадбирҳое ҳастанд, ки дар посух ба заҳролуд кардани ин мунаққиди Кремлин гирифта шаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.