Навалний гуфт, ки ба ӯ ҳабс дар утоқи ҷазо таҳдид мекунад

Мунаққиди зиндонии Кремлин Алексей Навалний гуфт, ки аз эҳтимоли ба утоқи ҷазо интиқол ёфтанаш ҳарос дорад, чун, ба навиштааш, ӯро дар чандин ҳолати хурди вайрон кардани қоидаҳои зиндон гунаҳгор кардаанд. Дар як изҳороташ, ки 29-уми март дар саҳифаи ӯ дар Инстаграм нашр шуд, омадааст, ки дар давоми ду ҳафта ба ӯ шаш бор ҳушдор доданд. Ӯ навишт, “ду огаҳии дигар медиҳанду ба утоқи ҷазо мебаранд. Ин як макони нохушоянд аст, шароиташ ба шиканҷа наздик аст”. Мунаққиди 44-солаи президенти Русия Владимир Путин  дар зиндони рақами 2-и шаҳри Псков, дар 100-километрии шаҳри Маскав нигаҳдорӣ мешавад. Ин зиндон бо низоми сахташ маъруф аст.

Навалний навишт, ки як ҳолати вайрон кардани қоидаи зиндон ин буд, ки аз замони муқарраршуда 10 дақиқа пештар аз хоб хесту дар ҳолати дуюм дар мулоқот бо  вакилони дифояш бо футболка ё куртаи ғайризиндонӣ  ҳозир шуд. Навалний, ки дар изҳороти инстаграмиаш талош мекунад шӯхиомез нависад, ҳолати ба ӯ эълон кардани мавридҳои нақзи қоидаҳои зиндонро ба баҳсе бо омӯзгори мактаби миёнаи шӯравӣ шабоҳат додааст. Ӯ гуфт, қоидаи мактаби шӯравӣ ин буд, ки “набояд бо омӯзгор баҳс кунӣ”, чунки “муаллим аз ту беҳтар медонад”.

Ҳафтаи гузашта мавзӯи саломатии Навалний доғ шуд, чун, бино ба гуфтаи вакилонаш, ӯ давоми як моҳ аз дарди миёну пой азият мешавад, вале мақомот ба ӯ ёрии зарурии тиббӣ нарасониданд.

Навалний, ки аз як заҳролудшавӣ бо заҳри низомие беш аз ним сол дар Олмон табобат гирифт, баробари баргаштан ба Маскав боздошт ва дар нақзи қарори додгоҳ аз соли 2014 дар бораи ҳабси шартӣ гунаҳгор шуд. Ӯро ба мӯҳлати 2,5 сол ба зиндон андохтанд. Ғарбу Аврупо озод шудани ӯро талаб доранд, вале Кремл гуфтааст, ки ба ин даъватҳо гӯш намекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.