Навалний гуфт, нисбаташ се парвандаи нав боз карданд

Сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний гуфт, ки дар нисбати ӯ се парвандаи нави ҷиноӣ боз кардаанд. Дар саҳифаи Инстаграми ӯ рӯзи 25-уми май  хабаре нашр шуд, ки мегӯяд, як парвандаи ҷиноӣ барои таҳқири додрас Вера Акимова боз шудааст. Маълум нест, ки Навалний додрасро чӣ гуна таҳқир кардааст. Навалний навиштааст, ки ду парвандаи дигари бозшуда марбут ба иттиҳоми тақаллубкорӣ ва дигаре барои ташкили созмони ғайритиҷоратие аст, ки ба шахсият ва ҳуқуқи шаҳрванд тавҳин мекунад.

Моҳи феврали имсол додгоҳи ноҳияи Бабушкинскии шаҳри Маскав Навалнийро дар таҳқири собиқадори ҷанг Игнат Артеменко гунаҳгор донист, ки дар як таблиғоти видеоии тағйири конститутсия иштирок карда буд. Навалнийро ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 850 ҳазор рубл вазифадор карданд.

Дар ҷараёни ҳамин муҳокимаҳо додрас Вера Акимова гуфт, ки ба унвонии Кумитаи тафтишоти шаҳри Маскав парванда дар бораи “баёноти таҳқиромези” Навалний дар бораи ширкатдорони муҳокимаи судиро ирсол хоҳад кард.

Алексей Навалний дар зиндони рақами 2-и шаҳри Покров нигаҳдорӣ мешавад. Ӯро бар асоси парвандаи «Ив Роше» аз соли 2014 ба 2,5 соли зиндон маҳкум кардаанд. Дар зиндон саломатии Навалний бад шуд ва ӯ ба нишони эътироз аз набуди хадамоти муносиби тиббӣ ва рад шудани дархости муоинаи табиби хусусӣ муддате даст ба гуруснанишинӣ зад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.