Навбатпоиҳои тӯлонӣ барои қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирон

Бо наздик омадани поёни муҳлати қонунӣ намудани буду боши шаҳрвандони хориҷӣ, дар назди марказҳои муҳоҷиратии Русия ин бор ҳам навбтапоиҳои тӯлониии муҳоҷирон шурӯъ шудааст. Корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани наворҳо аз манотиқи гуногун мегӯянд, барои гирифтани патент соатҳо интизорӣ мекашанд. Аз ҷумла дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ аз шаҳри Қазон расидааст, анбӯҳи муҳоҷирон дида мешавад. Ҳарчанд аз моҳи июн то 30-юми сентябри имсол тибқи фармони президенти Руси Владимир Путин мақомот ҳақ надоранд муҳоҷиронро аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд ва ё дар бораи манъи вуруди муҳоҷирон ба ҳудуди ин кишвар қарор қабул намоянд, вале  рейдҳо пайваста идома дошт. Муҳоҷироне, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст нест, ба шӯъбаи пулис бурда ва ҷарима карда мешаванд. Дар ин баробар аз ҳамаи онҳо аксу изи ангушт гирифта ва дар бойгонии маълумот ворид карда мешавад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.