Навид Афкорӣ, гуштигири машҳури эронӣ, эъдом шуд

 Бо вуҷуди даъватҳои батакрор дар дохилу хориҷи Эрон, ҳукми эъдоми Навид Афкорӣ, гуштигири шинохтаи эронӣ иҷро шудааст. Дар ин бора рӯзи 12-уми сентябр расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд. Навид Афкорӣ ба қатли як нафар дар шаҳри ҷанубии Шероз дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматии соли 2018 маҳкум шуда буд. Хонаводаи Афкорӣ гуфтаанд, Навид зери шиканҷа дар зиндон эътироф карда буд. Пеш аз ин, эъломи ҳукми эъдоми Навид Афкорӣ вокуниши густардаро дар дохилу хориҷи Эрон дар пай дошт. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз Эрон хоста буд, ҳукми эъдоми Афкориро боздорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.