Нависанда Абдуқодир Рустам дар бораи барандаи Ҷоизаи Нобел нависанда Марио Варгас Лиосо

Марио Варгас Лиосо, номдортарин нависандаи Перу, ки соли 2010 барандаи Ҷоизаи адабиёти Нобел шуд, бетардид пас аз Габриэл Гарсиа Маркеси колумбиёӣ машҳуртарин ва маъруфтарин нависандаи Амрикои Лотинӣ аст.
Бо он ки тақрибан ҳамаи романҳои Варгас Лиосо сохтори печидаю мураккаб доранд, мамлу аз вожаҳо, истилоҳҳо ва мафҳумҳои хоси минтақаӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ ҳастанд, мавзуъ ва масоили печидаи иҷтимоӣ ва инсониро ба риштаи таҳқиқи бадеӣ кашидаанд, ки аз хонанда ҳузури зеҳн ва таваҷҷуҳи амиқ мехоҳанд, миллионҳо нафар дар ҳамаи кишварҳои дунё ва бо забонҳои мухталиф ин китобҳоро бо шавқи зиёд хондаанд ва мехонанд.
Варгас Лиосо нависандаи модернист ва постмодернист аст, бо ин ҳол чунонки баъдан хоҳем дид, сабки ӯ – мисли ҳар нависандаи бузурги дигар – сабки инфиродист, вежаи худаш аст ва аз ҷумла, бо реализми ҷодуии Гарсиа Маркес ва дигар нависандагони соҳибноми Амрикои Лотинӣ фосила ва тафовути назаррас дорад ва дар ҳар китобаш муҳри ихтисосии халлоқияти ӯро метавон дид.
Ва аммо нахуст чизе, ки дар зиндагӣ ва халлоқияти ӯ боиси ҳайрат мешавад, сермаҳсулии ӯст.
Феҳристи осори нависанда хеле тӯлонист: қиссаҳои “Сагбаччаҳо”, “Поломино Молероро кӣ кушт?”, романҳои “Шаҳр ва сагҳо” (дар тарҷумаи форсӣ: “Солҳои сагӣ”), “Гуфтугӯ дар маъбад”, “Хонаи сабз”, “Ҷанги охири замон”, “Капитан Пантоломей ва гурдони хидмати накӯ”, “Хола Хулиё ва нависанда”, “Таърихи Майта”, “Тавсифи модарандар”, “Дафтарҳои дон Ригоберто”, “Литума дар Анд”, “Сури бузи нар” , “Саргузашти духтараки шӯхшанг”, “Лаққӣ”, “Қаҳрамони мутавозеъ”, романи мустанади “Хоби келт”, китоби тарҷумаиҳолии “Моҳӣ дар об”, китоб дар бораи ҳунари нависандагӣ – “Номаҳо ба романнависи ҷавон” ва монографияҳо дар бораи эҷодиёти Густав Флобер ва Габриэл Гарсиа Маркес, се намоишнома ва ғайра.
Ва ин ҳама таълифоти бадеию илмӣ дар ҳолест, ки Варгас Лиосо аз соли 1987 ба таври ҷиддӣ ба сиёсат низ иштиғол меварзид ва дар соли 1990 аз ҷониби ҳизби “Ҷабҳаи демократӣ” ба номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Перу ҳам пешниҳод гардид. Зимнан, бояд гуфт, ки Варгас Лиоса, ки дар давраи аввали интихобот бо 34% орои интихобкунандагон пешсафи интихобот шуд, дар давраи дувум ин рақобатро бохт ва донандагони ҳол мегӯянд, дар ин бохти сиёсӣ то ҳадде нависандагии ӯ саҳим ва коргар будааст, чи рақибонаш барои беобрӯ кардани вай пораҳое аз романи “Ҷанги охири замон”-ро ба унвони иқтибосҳо аз барномаи интихоботии Варгас Лиоса аз тариқи радио пахш карданд ва ройдиҳандагонро бим доданд.
Алберто Фухимори – диктатори ояндаи Перу дар интихобот пирӯз шуд ва Варгас Лиоса барои чандин сол тарки кишвар карда, табаъияти Испанияро пазирифт. Нависанда ин таҷрибаи ширкат дар рақобати интихоботиро баъдан дар китоби тарҷумаиҳолии “Моҳӣ дар об” тасвир кардааст. Аммо то замони фаъолиятҳои мустақими сиёсӣ низ Варгас Лиосо ба таҳқиқи бадеии қудрат, аз ҷумла, қудрати сиёсӣ таваҷҷуҳи хос дошт.
Гузашта аз ин, метавон гуфт, таҳқиқи моҳияти ҳукумат, рамзу рози қудрат, инҳирофоти он, мастӣ ва бехудӣ аз ҳукумату қудрат яке аз ду мавзуъи меҳварӣ дар эҷодиёти Варгас Лиосо аст. Кумитаи ҷоизаи Нобел низ тасмими худро барои эътои ҷоиза ба Варгас Лиосо “барои тавсифи ҷузъиёти сохтори ҳукумат ва тасвири равшани инсони исёнкарда, мубориз ва шикастхӯрда” тавсиф кардааст.
 Худи Хорхе Марио Педро Варгас Лиосо (ному насаби комили нависанда) пас аз дарёфти ҷоизаи Нобел дар мавриди иртиботи миёни нависанда ва сиёсат гуфтааст: “Ман дар навбати аввал нависанда ҳастам, на сиёсатмадори ҳирфаӣ. Аммо ман ақида дорам, ки нависанда таъаҳҳуди ахлоқӣ дорад дар баҳсҳои ҷамъиятӣ ширкат бикунад, бахусус дар кишварҳое, ки мушкилоти фаровон доранд, яъне дар бештари кишварҳои ҷаҳон. Ман гумон мекунам, нависандагон то ҳадде зиндагии худро бо он тавҷеҳ мекунанд, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ ширкат меварзанд, назари худро иброз мекунанд, ва он чиро ки сазовори интиқод аст, танқид мекунанд. Аз ҷониби дигар, ба назари ман чунин менамояд, адабиёт, агар ҳеч робитае бо он чи ки дар зиндагӣ мегузарад, надошта бошад, адабиёте пуроб ва сатҳӣ аст. Асарҳои бузурги адабӣ ҳамеша он чиро, ки дар ҷомеъа мегузарад, шаҳодат медиҳанд, мушкилоти умдаи он, интизориҳои мардумро инъикос менамоянд. Ба ин маънӣ, адабиёт бояд бо ҷаҳони атроф иртиботи наздик дошта бошад ва на танҳо бо тахайюли нависанда”.
Романи аввалини нависанда “Солҳои сагӣ”-ро, ки шуҳрати оламгири нависандагии Вагос Лиосоро оғоз ниҳод ва то ҳадде муассир аз зиндагии худи нависанда аст, метавон ҳамчунин оғози таҳқиқи бадеии мавзуъи ҳукумат ва қудрат номид. Роман аз қудрати низомӣ дар омӯзишгоҳи низомӣ, аз интизоми оҳанине, ки дар салб кардани ихтиёри инсон, тобеъ кардани иродаи инсонҳо инъикос ёфтааст ва низ исён алайҳи ин амр, ки ба гунаҳои мухталиф зоҳир мешавад, ҳикоят мекунад.
Ҳукуматдорон паёми адабии нависандаро фаҳмиданд ва дар натиҷа роман дар майдони реҷаравии омӯзишгоҳи низомии Леонсио Прадо, ки нависанда худ дар он таҳсил карда ва аммо як сол қабл аз хатм онро тарк карда буд, ҳамчун асари зиддидавлатӣ ва зиёновар оташ зада шуд. Зимнан бояд гуфт, бар асоси ин роман ҳам дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам дар ИМА – дар ду абарқудратаи мухолифи ҳам филм бардошта шудааст, ки гувоҳ аст дар ду ҷаҳони мутазод бардоштҳо аз ин роман муғойир ва мухолифи ҳам будааст; ва ё шояд ин ду низом хостаанд, аз таҳқиқи бадеии нависанда, бар суди худ истифода баранд.
Се романи аз назари мазмуну муҳтаво амиқтарин, аз ҳайси бадеият рангинтарин ва барои хонанда ҷаззобтарини Варгас Лиосо – “Гуфтугӯ дар маъбад”, “Ҷанги охири замон” ва “Сури бузи нар” низ дар ҳамин мавзуъи қудрат ва ҳукумат таълиф шудаанд ва нависанда дар онҳо ин мақуларо аз ҷанбаҳои мухталиф мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додааст.
Воқеоти ин романҳо дар замонҳо ва маконҳои мухталиф ҷараён меёбанд: романи аввал замони ҳукумати президент Одриаро дар ватани нависанда тавассути зиндагии як хонадон (ва асосан падару писар дон Фермин ва Сантяго) ба тасвир овардааст; романи дуввум аз исёни бузурги деҳқонон дар Бразилияи охири қарни 19 таҳти роҳбарии роҳиб, воиз, мубаллиғи ифротӣ ва нимадевона Антониои Муршид ривоят мекунад; романи севум зиндагии диктатори Ҷумҳурии Доминикан Рафаэл Трухилиоро ба тасвир овардааст.
Дар “Ҷанги охири замон” аз сӯйе қудрат ва неруи азими фанатизмро мебинем ва аз сӯйе дигар пайванди амиқи бовару имон бо адолатро. Имон, бахусус имон ба адолат неруи азимест, ки агар чунонки мебояд ва аз сӯйи шахси харизматикӣ ҳидоят бишавад, неруяш чанд баробар меафзояд ва метавонад бо неруи низомии тамриншуда ва ҳирфаии давлат чандин сол дасту панҷа нарм бикунад.
Ва аммо гоҳе мудирият ва ҳидояти он низ ғайримумкин аст ва неруи сели харобиоварро мемонад, ки пеши роҳашро гирифтан хеле ба душворӣ ва пас аз қурбониҳои зиёд муяссар мегардад. Аммо, агар артиши роҳиби нимадевона пируз мешуд, оё худ ҳатман ба қудрате саркӯбкунанда ва хафақоновар ба хотири фардои мавъуд, вале номуайян бадал намешуд?! Оё низоме, ки пас аз пирӯзии роҳибу артиши бешумораш бар ивази низоми қаблӣ эҷод мегардид, худ низ дар ниҳоят ба айни он, ба хафакунандаи озодиҳои шаҳрвандӣ, нобаробариҳои иҷтимоӣ табдил намегардид?!
Посухи ин суолҳоро хонандаи хушзеҳн ва мутафаккакир то ҷое метавонад дар романи “Сури бузуи нар” пайдо бикунад. Ҳукумати сисолаи Трухилио, ки мавриди парастиши мардуми авоми кишвараш ва ситоиши таҳсилкардаҳою рӯшанфикронаш шуда буд ва оммаи мардум итминон доштанд раиси ҷумҳуриашон аз неруи фавқулинсонӣ бархурдор аст, озодии шахс, ибтикороти инфиродиро салб карда ва миллионҳо одамро тобеъи майлу хости як нафар карда буд.
Итминони кӯр-кӯрона ба шахси роҳбар, парастиши ӯ ба ҳадди бут аз сӯе ва тарсу бим, ки дасату пойҳоро мебандад ва мағзҳоро мунҷамид мекунад, ду маъхази нерубахш аст, ки ба бақои чунин ҳукуматҳои худкома боис мешавад. Ин тарсу бим аз роҳҳои мухталиф, аз ҷумла куштор, радди маърака кардан, таҳдид ба ҷону номуси наздикон, мусодираю ғасби дороӣ ва моликият дар дили раият ва нухбагон ҷойгузин карда мешавад.
Нависандагони зиёде аз Амрикои Лотинӣ дар мавриди режимҳои диктатории кишварҳои мухталифи ин қора, зиндагонии иҷтимоӣ ва шахсии онҳо асар эҷод кардаанд. Аммо, ба назари ман, хеч кадоме аз он романҳо аз лиҳози нишон додани василаҳои таҳкими қудрат ва даҳшатҳои ношӣ аз он ва пайванд бо воқеияту мустанад будан (гарчанд худи нависанда таъкид кардааст, ба романаш бояд, пеш аз ҳама, ҳамчун ба асари бадеӣ муносибат бишавад) бо “Сури бузи нар” баробар шуда наметавонад. Образи Трухулио як навъ образи ҷамъбастии чунин диктаторҳо аст, ки ба тавассути он шеваи эҷоди диктотура ва меконисмҳои фаъъолият ва бақои он ба тасвир омадааст.
Ва аммо мавзуъи дигари марказии офаридаҳои Варгас Лиосо ишқ аст; саҳеҳтараш ишқи эҳсосотӣ, ишқи шаҳвонӣ, ки бар хилофи достону романҳои классикии ин жанр дар Шарқу Ғарб бештар аз эҳсосоти дил ба иштиёқи тан пардохта, бештар аз ишқи ба истилоҳ афлотунӣ, ишқи заминӣ ва воқеӣ ва шавқу шӯр ва ҷазбу ҷозибаи шаҳватронист.
Аммо ба ҳеч ваҷҳ порнография нест. Намунаи хуби ин буъди эҷодиёти нависанда романҳои “Тавсифи модарандар”, “Дафтарҳои дон Ригоберто” аст, ки яке идомаи дигарест. Дар ин ду роман лаззоти ишқ, ки мубтанӣ бар комрониҳои шаҳвонӣ дорад, хеле бо тафсил ва ҷузъиёт ба тасвир омада, ки бешак лаззоти ҷамолшиносӣ низ доранд.
Дар романи “Капитан Пантоломей ва гурдони хидмати накӯ” нависанда бори дигар ба мавзуи неруҳои мусаллаҳ рӯй меоварад ва ин бор ба вазилаи танз ва сатираи иҷтимоӣ вазъи мавҷуд дар артиши кишварашро ба тасвир меовард. Таноқузи мавҷуд дар миёни хислату хӯйи капитани содадил ва поквиҷдон Пантоломей ва кори махфие, ки ӯ бояд иҷро бикунад – ташкили гурдони хидмати наку, ки аз занони сабукпой ва танфурӯш ташкил шуда, то ба василаи хидмат ба афсарону сарбозон назми собит дар артиш нигоҳ дошта шавад, ҷаззобияте эҷод карда, ки то охир хонандаро раҳо намекунад.
Неруи ишқи шаҳвонӣ на камтар аз ишқҳои поки классикии амсоли Лайлӣ ва Маҷнун ва Ромео ва Ҷуллета аст; ин ишқ низ метавонад ба гунаи ҷунуномез сурат бигирад ва ошиқро ба маъшуқа бипайвандад, ки раҳо шуданаш аз он бидуни осеб нахоҳад буд.
Романи “Саргузашти духтараки шӯхшанг” намунае аз чунин ишқҳоро ба тасвир оварда. Ва агарчи, мунтақидони адабӣ ин романро аз ҷумлаи муваффақиятҳои эҷодии Варгас Лиосо намедонанд, агар як бор бихонед, пушаймон нахоҳед буд, нависандагони бузург дар осори камаҳаммияташон низ ҳарфҳое, тасвирҳое, шигирдҳое доранд, ки сабақомӯз аст. Ва зимнан, барои нависандагони ҷавон ва онҳое, ки орзуи нависанда шудан доранд, тавсия мекунам, ҳатман “Номаҳо ба романнависи (нависанади) ҷавон”-ро, ки ду бор ба форсӣ ва боре ҳам ба русӣ тарҷума шудааст, бихонанд…..
Ва аммо дар бештарини романҳои Варгас Лиосо ба таври мувозӣ чанд хатти сужа ҷараён меёбад; гузашта аз ин, ин хатҳои сужа, ки дар замонҳои мухталиф ҷараён меёбанд, ҳама дар ҳол, дар замони муосир ба маърази диди хонанда гузошта мешаванд.
Дар романи “Сури бузи нар” се хатти сужа се лояи замониро дар бар мегирад. Дар сужаи аввал, бозгашти хонуми фирорӣ – духтари вазири давлати Трухилио аз хориҷа ба ватан пас аз сӣ соли кушта шудани диктатор ва хотироти ӯ, сужаи дувум нақша ва амалӣ кардани куштори Трухилио ва сужаи севум, рӯзҳои охири зиндагии Трухилиоро дар бар мегирад. Дар айни ҳол ин ҳар се сужа пайванди наздик ва печидае бо ҳам доранд, ҳамдигарро такмил ва тақвият медиҳанд.
Ривояти ҳар се сужа ба таври баробар идома меёбанд, онҳо ҳамдигарро иваз мекунанд ва то охир ба ҳамин гуна идома меёбанд. Гоҳе, нависанда ин шакли ривоятро боз ҳам мураккабу печидатар мекунад. Чунончи, дар боби 9-уми романи “Гуфтугӯ дар маъбад” ҳамзамон ва ба таври мувозӣ 4 эпизод (ва ё чаҳор шохаи сужа) ҷараён меёбанд, ки ҳеч кадомеро наметавон эпизоди асосӣ ва меҳварӣ хонд; то охири боб пайваста, як эпизод дигареро иваз мекунад: Эпизоди якум: Суҳбати Сантяго бо Амбросио (ронандаи дон Фермин – падари Сантяго); эпизоди дувум: ширкати Трифулсио (падари Амбросио) дар гирдиҳамоӣ; эпизоди севум: истинтоқи Тринидад Лопес аз ҷониби Лудовико ва Иполито; эпизоди чаҳорум: суҳбати дон Фермино бо сенаторҳо Ланда ва Аревало….. ва дар охир эпизоди панҷум: суҳбати Амбросио бо Кета дар бораи Амалия низ ба ин боб ворид карда мешавад…. Ин эпизодҳо бо навбат ба пешсаҳна оварда мешаванд, ба эпизоди асосӣ бадал мешаванд, боз ба умқи саҳна бурда мешаванд ва эпизоди дигар онро бадал мекунад.
Вақте ки эпизоди аввалро мехонем (суҳбати Сантяго ва Амбросио), ногаҳон мутаваҷҷеҳ мешавем, ки фирқае комилан бегона ба матни суҳбати ин ду қаҳрамон ворид мешавад, мисли он ки дар хона ё чойхона нишастаед бо дӯсте ё бегонае дар бобе суҳбат мекунед ва ногаҳон садое аз берун, аз дур ба гӯшатон мерасад, ин садои дар оғоз номафҳум ва хафиф ба оҳистагӣ наздиктар меояд, мафҳуму равшантар мешавад ва худ ҷойи эпизоди аввалро мегирад.
Вале баъдан ин эпизоди дувум низ аз саҳна берун мешавад ва ҷойи онро эпизоди севум мегирад ва боз эпизоди аввал ба ҷойи худ бармегардад ва ҳамчунин то охир.
Хатти сужаи романҳои Варгас Лиосо – чунонки дар романҳои классикӣ дидаем ва имрӯз низ бештари нависандагон бо тафовутҳои ҷузъӣ онро риоят мекунанд, ҳеч гоҳ хатти росту мустақим нест; дар осори ӯ воқеа ва ё воқеаҳо аз нуқтаи А оғоз шуда дар нуқтаи Я ба поён намерасанд, балки ҳаводис чунон паси ҳам чида мешаванд, ки замонҳо ва воқеаю ҳодисаҳо ба ҳам меомезанд, тартиби воқеаҳо ва лаҳзаҳои зиндагонии қаҳрамонҳо на ба сурати нуҷумӣ, балки ба хости бадеии нависанда тобеъ мешаванд.
Ҳамин тавр бештари осори Варгас Лиосо романҳои полифонианд, оркестре мураккаб аз созҳои мухталиф дар саҳнаи романҳои ӯ ҳузур доранд, ки гоҳе як соз, гоҳи дигар сози дигар нақши калидӣ пайдо мекунанд…
Неруи қаламу сухани нависанда хеле қавист, сужа ва фабуларо чунон халқ мекунад, чунон месозад, ки шиддати ботинии асар то сафҳаи охир хонандаро раҳо намекунад, бо ин ҳол ки таълифоти ӯ хеч гоҳ барои машғул доштани хонанда ва саргармӣ таълиф нашудаанд ва ҳамеша бори амиқи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фалсафӣ доранд.
Ин ҳама осори мутаъаддид, ки бо шавқ ва ҷозиба хонда мешаванд, натиҷаи заҳмати пайваста ва метавон гуфт шоққаи нависанда аст.
Ӯ ҳафт рӯз дар ҳафта ҳамарӯза аз субҳи зуд то замони наҳор (бо истироҳати кӯтоҳ пас аз ду соат) пайваста ба таълиф машғул мешавад. Аз мошинкаи чоп ( чунонки Гарсиа Маркес) ва ё компютер истифода намекунад, василаи кори ӯ мисли нависандагони қадим қаламу коғаз аст. Дар ин ҳол худ мегӯяд: “агар илҳомам ба охир расад, ман ҷумларо ба охир намерасонам ва онро ба фардо мавқуф мегузорам ва … рӯзи дигар ин ҷумла ба ҳайси “трамплин” ба ман хидмат мекунад. Ман ҳар рӯз кор мекунам, зеро агар китоби тӯлонӣ менависӣ, пас набояд корро қатъ бикунӣ. Ин ҳам мисли нафас кашидан аст”.
Чун дар ин муаррифинонаи кӯтоҳ чанд бор сухан аз Гарсиа Маркес рафт, мехоҳам чанд сухани дар мавриди иртиботи ин ду адиби бузургвор бигӯям. Варгас Лиосо, ки мутаваллиди соли 1936 аст, 9 сол ҷавонтар аз ҳамтои колумбиёии худ мебошад. Вай аз аввалин касоне буд, ки пас аз чопи романи “Сад сол танҳоӣ” аз интишори аввалин романи бузурги Амрикои Лотинӣ башорат дод.
Баъдан дар давоми ду сол рисолаи муфассале дар мавриди ин роман иншо кард. Ҳар ду солҳои тӯлонӣ – бо вуҷуди тафовутҳое дар дидгоҳҳои сиёсиашон дустии наздик доштанд. Аммо баъд миёнашон сардӣ уфтод, ки дар натиҷа Варгас Лиосо таппончае ба рӯйи Гарсиа Маркес зад ва байни ду дӯст ҷудоӣ уфтод, ки зоҳиран то охир, то марги Гарсиа Маркес идома ёфт. Сабаби ин душманӣ ба эҳтимоли тамом хуни гарми амрикоилотинии Гарсиа Маркес буда, ки ба хонуми Варгас Лиоса ба чашми бад нигариста ва аз ибрози майлаш ба ӯ низ худдорӣ накардааст…..
Замоне Варгос Лиосо баъд аз шикаст дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Перу шикаст хӯрд ва маҷбур шуд тарки ватан бикунад, вале бузургтарин пирузии Варгас Лиосо ҳамоно китобҳои ӯст, ки вайро ба маъруфтарин, машхуртарин ва дӯстдоштарин шахсият барои мардуми кишвараш табдил додаанд. Хонаеро, ки замоне нависанда зиндагӣ мекард, хукумат ба хона-музей табдил дода ва имрӯз ҳар дӯстдори адабиёт ва хоҳишманд метавонад онро маҷҷонӣ тамошо кунад.
Абдуқодир Рустам

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.