Назарбегим Муборакшоева, раиси пешини шаҳри Хоруғ даргузашт

Назарбегим Муборакшоева, раиси пешини шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар 68-солагӣ даргузашт. Сабаби марги ӯ гуфта нашудааст. Ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 12-уми июл дар таъзияномае марги ӯро “нобаҳангом” хонд. Ёдгор Файзов, раиси вилоят гуфтааст, аз марги Назарбегим Муборакшоева “сахт андӯҳгин” ҳастанд. Муборакшоева дар гузашта дар мансаби раиси ноҳияи Рӯшон ва муовини раиси ВМКБ ҳам кор кардааст. Аз соли 2000 то 2005 узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон буд. Моҳи декабри соли 2006 иҷрокунанда ва моҳи марти соли 2007 раиси шаҳри Хоруғ таъйин шуд. Дар ин мақом як сол кор кард. Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.