Назарбоев гуфт, раҳбарии Асамблеяи миллиро ба Тоқаев медиҳад

Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, раҳбарии Ассамблеяи мардуми ин кишвар (АМҚ)-ро дар ихтиёри президент Қосимҷомарт Тоқаев мегузорад. “Ман тасмим гирифтам, ки ҳаққи раҳбарии АМҚ-ро ба Қосимҷомарт Тоқаев бидиҳам”, – иқтибос овардааст хабаргузории “Интерфакс” аз суханони Назарбоев.

Президенти пешини Қазоқистон Тоқаевро шахсе номид, ки “ҳама чиро хуб медонад ва солҳои дароз бо вай кор кардааст”. “Ман ҳаққи раҳбарии якумрии АМҚ-ро дорам ва ҳамеша бо шумо хоҳам буд. Вале як қатор салоҳиятҳо дар ихтиёри президенти кишвар аст”, – афзуд ӯ.

Ин изҳороти Назарбоев дар ҷаласаи XXIX-и АМҚ як рӯз пас аз он садо дод, ки додгоҳи шаҳри Тарази ин кишвар ҳукми 51 гумонбари низои қавмӣ дар Кордайро эълом кард.

“Шунидам, ки баъзе аз мухолифон мегӯянд, “ӯ ҳамеша субот, субот мегӯяд”. Магар бесуботӣ беҳтар аст? Мо дидем, ки бесуботӣ чи аст. Чи гуна кишвар аз табаддулот ба табаддулот, аз ҷанг ба ҷанг ақиб монда, рушд намекунад. Бинобар ин, субот ва оромии шаҳрвандон аз ҳамаи мо вобастааст. Ман хостам, ки кишвари мо маркази сулҳ бошад ва ҳечгоҳ ҷанг ва низоъҳои байниқавмию динӣ рух надиҳад. Фарзандон ва шаҳрвандони мо задухурдҳоеро набинанд, ки имрӯз ҷаҳон шоҳид аст”, – изҳор дошт Назарбоев дар ҷаласаи Ассамблеяи мардуми Қазоқистон.

АМҚ як ниҳоди машваратиест, ки Нурсултон Назарбоев ҳаққи як умр раҳбарӣ кардани онро дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.